Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Ашраф Парвиз Каёни

30.08.2013 13:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Ашраф Парвиз Каёниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои амнияту мудофиа ва ҳамгироии минтақавии ду кишвари дӯст дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.

Аз пайвастагии робитаҳои сохторҳои низомию амниятӣ ва махсуси ду кишвар ва натиҷаҳои назаррасии ҳамкории онҳо изҳори қаноат карда шуд.

Муҳокимаи вазъи Афғонистон ва ҳамгироӣ барои эҳёи амну субот дар ин кишвар низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, аз ҷумла хаттии баландшиддати барқии CASA-1000 ва пайвасти роҳҳои оҳани Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520