Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати парлумонии Фаронса

02.09.2013 19:16, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Фаронса аз гурӯҳи дӯстии “Фаронса ва Осиёи Марказӣ”- ро, ки бо роҳбарии сенатор Андре Дюле ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва сармоягузорӣ, илму техника ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

“Муносиботи Тоҷикистону Фаронса тайи солҳои ахир рӯй ба рушди устувор овардаанд”, - бо қаноатмандӣ изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфти Андре Дюле, “Фаронса, аз ҷумла парлумони он омода аст, аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мудом дастгирӣ намояд”.

Фаъолияти босамари ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонии Фаронса ба мисли Тотал ва Алстом дар Тоҷикистон нишонаи оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию сармоягузорӣ ва технологии ду кишвар номида шуд. Ба таъкиди Андре Дюле “ширкатҳои зиёди дигар низ аз Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан ба бахши саноати кӯҳии он таваҷҷуҳи хоса доранд”.

Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва густариши ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт ва ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520