Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

04.09.2013 10:10, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз ба ифтихори солгарди 22-юми истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии ҳарбию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ баргузор гардид.

Дар оғози маросими мукофотсупорӣ шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо ордени Ситораи Президент дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.

Сипас шахсиятҳои зиёди дигар, ки дар рушду нумуи бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму техника, фарҳанг ва хизмати давлатии Тоҷикистон саҳми арзандаи таҳсин гузоштаанд, бо ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҳои гуногуни фахрӣ, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Кормандони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бунёдкорони иншооти бузурги кишвар ба мисли нерӯгоҳҳои барқӣ, роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард, корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорони фаъолу ташаббускор, ки садҳо ҷойҳои корӣ муҳайё намудаанд, коргарони муҳандисию техникии корхонаҳои саноатӣ, деҳқонони асил ва кормандони дигари бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, намояндагони олимону омӯзгорон, аҳли фарҳанг ва умуман зиёиёни эҷодкор ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ мушарраф гардиданд.

Шумораи зиёди кормандон ва ходимони ҷасуру далери Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари низомию қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, медали Марзбони шуҷои Ватан, унвонҳои фахрӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Ба панҷ нафар олимони варзида ва пурмаҳсули кишвар Ҷоизаҳои, давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника тақдим гардид. Инҳо доктори илмҳои физика ва математика Зафар Усмонов, доктори илмҳои тиббӣ Абдумалик Давлатов, доктори илмҳои тиббӣ Убайдулло Қурбонов, доктори илмҳои тиббӣ Каримҷон Ортиқов ва доктори илмҳои таърих академик Раҳим Масов ва мебошанд. Понздаҳ нафар олимони ҷавон барои корҳои намоёни эҷодӣ ва кашфиёти илмӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонда шуданд.

Дар охир се нафар ходимони ҳарбӣ ва кормандони баландпояи сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои олии низомӣ ва махсус сарфароз гардиданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бори дигар бо мушарраф шудан бо мукофотҳои давлатию унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳои давлатию рутбаҳои низомӣ табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки нишондодҳои истеҳсолию хидматӣ ва илмию фарҳангияшон минбаъд боз ҳам афзун мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520