Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳри Душанбе

04.09.2013 12:59, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони иншооти азими соҳаи тандурустии пойтахт-шифохонаи бисёрсоҳа бо 650 кати хоб, ки ҳамчунин дорои дармонгоҳ бо имкони 800 қабул дар як баст ва осоишгоҳ бо 200 кат ҳоҳад буд, шинос шуда, ду дармонгоҳ ва як озмоишгоҳи муосири навбунёдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре аён гардид, шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳрӣ дар майдони 11 гектари шафати маркази ҷумҳуриявии ташхиси бемориҳо дар хиёбони Неъмат Қаробоеви пойтахт дар ҳоли сохтмон қарор дорад. Ин шифохонаи бузург ва муосир бо харҷи беш аз 400 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо шароити муоинаю ташхис, муолиҷа ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир навтарину беҳтарин дар Осиёи Миёна хоҳад буд.

Ин шифохонаи дорои 650 кати хоб бо дармонгоҳи дорои имкони 800 қабул дар як басти корӣ ва осоишгоҳи муосир бо 200 кати хоб аз 35 биною иншооти таъиноти гуногуни аз як то нуҳошёна иборат хоҳад буд. Осоишгоҳи ин муассиса дорои беҳтарин шароити табобату тавонбахшӣ ва истироҳату фароғат, аз ҷумла физиотерапия, ҳаммомҳои туркию финӣ, толору майдонҳои варзишӣ, боғи зимистона ва дигар мавзеъҳои дилнишин хоҳад буд.

Дар сохтмони ин иншоот ҳоло беш аз 700 нафар бинокорон бо кор таъмин гардидаанд, ки ҳар яке вобаста ба дараҷаи тахассус ва ҳаҷми кор аз 700 то 3000 сомонӣ маош мегиранд.

Пас аз ба кор даромадани ин шифохона, ба моҳи ноябри соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, беш аз 2000 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520