Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ду дармонгоҳи муосир дар шаҳри Душанбе

04.09.2013 14:24, шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду дармонгоҳи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар ҳардуи он қариб 1500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи Шамсии пойтахт ташриф оварда, бинои наву зебои Маркази саломатии шаҳрии рақами 9-ро ба истифода супорид.

Тавре зикр гардид, ин бинои чорошёна бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо 2 миллиону сад ҳазори он таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шудааст.

Ин маркази саломатӣ бо имкони қабули 500 ниёзманд дар як басти корӣ барои хизматрасонӣ ба 56 ҳазор нафар аз аҳолии ноҳияи Сино пешбинӣ шуда, дорои шароити муосир барои кори босифати табибон ва муоинаю ташхиси дақиқи беморон мебошад.

Маркази саломатӣ, аз ҷумла дорои асбобҳои муосири муоинаю ташхис, аз қабили ренгени электронӣ, дастгоҳҳои фаросавтӣ, эндоскопӣ, ҷарроҳӣ ва ҳамчунин намудҳои гуногуни физиотерапия ба мисли обдармонӣ, варзишдармонӣ, гилдармонӣ, гиёҳдармонӣ ва ғайра мебошад. Дар ин ҷо, ҳамчунин як утоқи калон чун шахтаи намак омода шудааст, ки барои давобахшии бемориҳои диққи нафас муфид аст.

Дар ин маркази саломатӣ барои 420 нафар кормандони соҳаи тиб ҷойи кор муҳайё мебошад.

Маркази дигари саломатӣ бо рақами 14 дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бинои зебою замонавии 6 ошёна бо таҳхона ба ин маҳалла ҳусну намои тоза зам намудааст.

Тавре иттилоъ доданд, ин бинои боҳашамат бо харҷи беш аз 36 миллион сомонӣ бунёд ёфта ва бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ин маркази саломатӣ бо имкони қабули 800 ниёзманд дар як басти корӣ барои хизматрасонӣ ба 72 ҳазор аҳолии ноҳияи Синои пойтахт пешбинӣ шудааст. Дар ин бино барои 653 нафар кормандони соҳаи тибб кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Танҳо барои харидории дастгоҳу таҷҳизоти муосири ин бино беш аз 10 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Ин аст, ки ин маркази саломатӣ дорои навтарин шароити тиббӣ барои хизматрасонӣ ба ниёзмандони ин гӯшаи пойтахт мебошад.

Ин бино ғайр аз дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни навсохт, ки барои муоина ва ташхиси бемориҳои гуногун пешбинӣ шудаанд, бахшҳои мухталифи солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ низ дорад. Аз ҷумла бахши обдармонии он дорои шароити зарурӣ ба намудҳои гуногуни масҳи обӣ, обпошии бофишор, кашиши зериобии рагу пайвандҳо, шиноварии табобатӣ ва ғайра мебошад. Барои табобатҳои гуногуни гилдармонӣ низ як маҷмааи алоҳида ҷудо гардидааст, ки дорои шароити анъанавӣ ва навтарини ҷаҳони муосир мебошад.

Озмоишгоҳҳои марказ низ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизот аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ босифат гузаронда мешаванд.

Дар саҳни ҳавлии ин маркази саломатӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури анбӯҳи зиёди кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе суханронӣ намуд ва бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳайёсозии беҳтарин шароити корӣ дар муассисаҳои ин соҳа ҳозирон ва кулли табибони кишварро ба ташкили муоинаю муолиҷаи босифати маризон ва муомилаю муносибати шоиста бо онҳо ҳидоят намуд.

Барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки Кодекси ахлоқи кормандони соҳаи тандурустӣ таҳия ва қабул карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520