Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи инноватсионӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад

04.09.2013 14:55, шаҳри Душанбе

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе як озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ маблағҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди глобалӣ бунёд ёфта, бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст.

Ин озмоишгоҳ асосан барои муайян намудани бемориҳои сил, аз ҷумла намудҳои ба доруҳо мутобиқгардидаи он, вараҷа, зардпарвин ва дигар бемориҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст. Вале бо назардошти ниёзмандиҳои кишвар ба ташхисҳои дақиқи тиббӣ ин озмоишгоҳ, ҳамчунин бо дастгоҳу таҷҳизот барои таҳлилҳои дигари вирусологӣ, микробиологӣ, паразитологӣ, санитарию биокимиёвӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ин озмоишгоҳ бо навтарин дастовардҳои илму техникаи тиббии ҷаҳони имрӯза муҷаҳҳаз гардида, то имрӯз навтарин дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо таҳлилҳои тиббии бемориҳои сил, вараҷа ва спид барои ҳамаи ниёзмандон ройгон гузаронда мешавад.

Дар ин озмоишгоҳ 57 нафар мутахассисони баландпоя ба кор ҷалб шудаанд, ки 4 нафари онҳо барои кор бо дастгоҳҳои навтарини дар ин ҷо насбгардида дар хориҷи кишвар ба тозагӣ таҳсил намудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520