Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дубора фаъол гардидани фаввораҳои назди театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

05.09.2013 20:59, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, фаввораҳои назди онро, ки мавриди тармиму навсозии куллӣ қарор доштанд, дубора ба кор даровард.

Ин кор дар ҳузури шахсиятҳои намоёни кишвар ва намояндагони сершумори аҳли ҷомеаи пойтахт сурат гирифт.

Тавре аён гардид, фаввораҳои ин мавзеи зебою дилнишини пойтахт, ки тайи даҳсолаҳо макони дӯстдоштаи сайру тамошои сокинону меҳмонони Душанбешаҳри ҷавон буду ҳаст, пас аз навсозӣ бо технологияи мусири компютерӣ идора мешавад. Фаввораҳо акнун бо мусиқиҳои гуногун ҳамоҳанг шуда, ҳаракатҳои мавзун доранд. Ба таври дигар гӯем акнун инҳо  фаввораҳои рақскунанда гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ба ин муносибат ҷамъшуда чанд лаҳза ҳаракатҳои зебои фаввораҳоро, ки бо  ҳамоҳангии дақиқ бо мусиқӣ ҷараён мегирад, тамошо карда, ҳаловат бурданд.

Иншооти сершуморе, ки тайи ду рӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қариб сеюним ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, тӯҳфаҳои арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба сокинон ва меҳмонони пойтахт дар арафаи солгарди 22- юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон номида шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520