Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи галереяи нави фарҳангӣ

05.09.2013 20:54, шаҳри Душанбе

Дар ду толори ошёнаи якуми биноҳои Маҷмааи “Пойтахт-80” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон галереяи фарҳангӣ ифтитоҳ ёфт, ки барои намоишу фурӯши нақшу нигор ва мусаввараҳои рассомони маъруфи тоҷик ва ҳамчунин ороишоту туҳфаҳои хотиравӣ аз сангҳою маъданҳои ороишию гаронарзиш ва маҳсулоти ҳунарҳои зебои мардумӣ пешбинӣ шудааст.

Дар як толори он, асосан маҳсули ҳунари волои рассомони номдори тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар миёни сайёҳони хориҷӣ харидорони зиёд доранд, ба намоиш гузошта шудааст.

Дар толори дуюм бошад, бештар маҳсулоти ширкати ватании Руҳом, ки асосан бо истеҳсоли ороишоти зебои туҳфавию хотиравӣ аз сангу маъданҳои кӯҳии ороишӣ ва гаронарзиш машғул аст, пешкаши мизоҷон гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули эҷоди рассомони ҷавону наврас, ки ба касбу ҳунари худ муҳаббати олӣ доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои олӣ дар ин роҳи пурифтихор ҳидоят намуд.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520