Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотии Шоҳи Малайзия

06.04.2012 09:00, шаҳри Душанбе

Шоҳи Малайзия Алму тасиму Биллоҳи Муҳиббуддин Туапку Алҳаж Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Бадлишоҳи ХIV ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ба муносибати воқеаи фархундаи 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 20 марти соли 2012 рост меояд, Ража Пермайсури Агонг (Маликаи Малайзия) ба табрикоту орзуҳоям нисбат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, нисбат ба ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ мешавад.

Мутмаинам, ки муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишварҳоямон минбаъд ҳам мустаҳкам мегарданд.

Орзуҳои беҳтарини моро, Ҷаноби Олӣ, дар мавриди тансиҳатӣ ва беҳбудии Шумо, ҳамчунин сулҳу шукуфоии ҳукумату халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.»

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520