Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди 22-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

07.09.2013 11:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар толори бузурги Кохи Борбад ба истиқболи солгарди 22-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ин тантанаи бошукӯҳи идона бо ворид шудани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, аҳли толор ва мардуми кишвар ва ҳамчунин кулли ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди 22-юми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфт.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, маҳз Истиқлол аст, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон сарнавишти имрӯзу ояндаи худро ба дасти хеш гирифтанд.
Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз рӯзҳои мудҳиши солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб, хусусан ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми садаи гузашта ва мушкилоти сангини ба сулҳу созиш овардани ду ҷониб, мардуми кишварро ба қадрдонӣ аз фазои орому осуда ва рушди бонизоми имрӯза даъват намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронӣ нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро тайи солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2013 дар ҳаҷми 42,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2000 19 баробар зиёд мебошад. Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон ба андозаи 12,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз буҷети соли 2000 48 баробар беш аст. Дар ҳамин муҳлат маблағгузории давлатии соҳаҳои иҷтимоии кишвар аз 35 то 55 баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 2000 то соли 2012 ба 38,3% кам карда шуд. Таъкид гардид, ки тибқи нақшаҳои минбаъда тайи чанд соли оянда сатҳи камбизоатӣ бояд то ҳадди 31% коҳиш дода шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “таъмини зиндагии шоиста барои мардум дар тамоми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳадафи волои давлат буд ва минбаъд низ чунин хоҳад буд”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии кишвар ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли равон баргузор мегардад, ёдовар шуда, аз касоне, ки номзадии худро ба ин мақоми воло пешниҳод карданианд, даъват намуд, ки фарҳанги волои сиёсиро риоя намуда, ин маъракаи муҳимро ба майдони моҷароҷӯӣ ва ҳангоматалабӣ табдил надиҳанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун интихоботҳои пешин шаффофу демократӣ баргузор гардида, мардуми кишвар озодона ва бо иродаи хеш роҳбари ояндаи худро интихоб мекунанд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ ва давлати мустақилли Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд намуд ва ҳамеша пос дошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520