Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Дмитрий Медведев

06.04.2012 12:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:

"Дмитрий Анатолевичи арҷманд,

Ба ифтихори бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия табрикоти самимӣ ва орзӯҳои беҳтаринамро ба Шумо ирсол медорам.

Мо, дар Тоҷикистон муносибатҳои дӯстии зич ва ҳамкории бисёрҷониба бо Федератсияи Русия - шарики стратегиамонро қадр мекунем. Ин муносибатҳо дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хоса доранд.

Хурсандибахш аст, ки тайи ду даҳсолаи гузашта ҳамкории байни кишварҳоямон суръати рушди мусбӣ дошта ва он пайваста бо рушду густариши хушсифат дар ҳамаи мавқеъҳои асосии ҳамкорӣ, ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар асоси бисёрҷониба сурат мегирифт.

Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Русия аслан ҳамаи соҳаҳои ҳаётро фаро мегиранд, ки манфиатҳояшон дар онҳо мушабеҳи якдигар буда ва омили муҳими сулҳу суботи минтақа мебошанд.

Муносибатҳои имрӯзаи мамлакатҳои мо, ки дар принсипҳои баробарӣ, эҳтироми якдигар, ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар, ёрии ҳамдигарӣ ва дастгирии якдигар қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд, дар қиёси сиёсӣ, дар бахши иқтисодиёт, амният, дар соҳаи гуманитарӣ ва аз рӯи бисёр самтҳои дигари равобити амалӣ муттасил рушду густариш меёбанд.

Бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ санаи фархундаи таърихи навтарини муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад. Вай, дар айни ҳол сабабе барои дарк намудани дурнамои ҳамкории мутақобилан муфиди мо ва роҳҳои пешравии минбаъдаи он мегардад.

Марому манфиати самимонаамонро дар амри бо мазмуни нав пурра гардонидани ҳамаи ҷиҳатҳои ҳамкории ду кишвар тасдиқ намуда, изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо нерӯи мавҷудаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия такя намуда, бо саъю кӯшишҳои муштарак ба қуллаҳои нави рушди он ба нафъи халқҳоямон мерасем.

Ба Шумо, мӯҳтарам Дмитрий Анатолевич, аз самими қалб тансиҳатии бардавом ва натиҷаҳои нави самарабахш дар фаъолияти минбаъдаатон ва ба ҳамаи халқи Русияи дӯст сулҳ ва беҳбудию шукуфоиро таманно дорам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520