Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ

08.09.2013 15:16

Ба муносибати бисту дуюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати иди миллии Тоҷикистон қабул фармоед.

Равобити кишварҳои мо дар асоси анъанаҳои таърихии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила босуръат рушд ёфта истодааст. Тариқи ба роҳ мондани муколамаи фаъоли сиёсӣ ҳамкориҳои созанда дар бахшҳои тиҷорату савдо, илму техника ва соҳаҳои гуманитарӣ рушду густариш меёбанд. Ҳамкориҳои мо дар доираи ИДМ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ЕврАзЭС , Созмони ҳамкориҳои Шанхай натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Аминам, ки рушди минбаъдаи равобити стратегии Русияву Тоҷикистон, ки ҷавобгӯи асосии манофеи халқҳои мост, ба самти субот, амнияту шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида хоҳад шуд.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович солимии бардавом, хушбахтӣ, комёбиҳои навин ва ба халқи Тоҷикистон сулҳ, саодатмандӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Аз номи халқи Амрико ба Шумо ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон таҳнияти гарму самимиро ба муносибати 22- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон – 9-уми сентябр баён медорам.

Иёлоти Муттаҳида ифтихорманд аз он аст, ки шарики боэътимоди ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мо дастгирии Шуморо ҷиҳати эъмори амну субот дар Афғонистон ва кули минтақа қадрдонӣ мекунем. Ман муштоқона мунтазири таҳкими равобити дӯстонаи миёни кишварҳоямон ҳастам ва ба халқи Тоҷикистон ояндаи демократӣ, пурсубот ва шукуфонро таманно дорам».

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тзинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии сарвари давлати мо чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати 22-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва шахсан аз номи худам Шумо, Ҷаноби Олӣ ва дар симои Шумо халқи дӯсти тоҷикро бо беҳтарин таманниёт самимона шодбош мегӯям.

Дар муддати 22 соли соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Шумо сиёсати Тоҷикистон устувор гардида, иқтисодиёт бемайлон рушд намуд ва халқи тоҷик дар фазои сулҳу осоиштагӣ басар мебарад. Ҷумҳурии Хитой ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегӣ аз ин муваффақиятҳо хеле шод аст. Ба Тоҷикистон дар корҳои созандаи давлат комёбиҳо таманно дорам.

Дар солҳои охир ҳамкориҳои Хитойу Тоҷикистон бо суръат рушд ёфта истодаанд. Дастовардҳои пурбореро дар заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ ноил гардидем. Дар моҳи майи соли ҷорӣ Шумо дар Ҷумҳурии Хитой сафари муваффақона анҷом додед. Мо дар якҷоягӣ «Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои стратегӣ»-ро ба имзо расонидем. Равобити миёни ду кишвар ба сатҳи стратегӣ расид ва дар дӯстии чандинасраи Хитойу Тоҷикистон саҳифаи наве боз шуд. Ман ба саҳми назарраси Шумо дар рушди ҳамкориҳои Хитой бо Тоҷикистон баҳои баланд медиҳам. Умедворам, ки дар дидори оянда бо Шумо аснои баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек оид ба ҳамкориҳои дуҷониба, масоили минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳ, ки ба таҳкими равобити Хитойу Тоҷикистон ба нафъи давлату халқҳоямон нигаронида шудааст, табодули назар хоҳем кард.

Ба шумо саломатӣ, дар корҳоятон муваффақиятҳои бузург, ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва ба халқи он хушбахтиро таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ зимни табрикоти хеш овардааст:

«Фаро расидани солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми он кишвар самимона табрик мегӯям.

Умедворам, дар партави азму иродаи масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, равобити дустона миёни ду кишвар дар тамоми заминаҳо ва дар ростои манфиатҳои мутақобили ду миллат, беш аз пеш таъмиқ ёбад.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва сарбаландию беҳрӯзии мардуми бародар ва дӯсти Тоҷикистонро орзу дорам».

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати иди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Бо ёдоварӣ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои кунунӣ ва робитаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар итминони комил дорам, ки ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд минбаъд низ ба нафъи халқҳоямон густариш хоҳанд ёфт.

Эмомалӣ Шарифович, бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо сиҳатии том, дар кори пурмасъулиятатон муваффақиятҳои бузург ва ба халқи бародари тоҷик зиндагии осоишта ва шукуфоиро таманно дорам».

Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Туркманистон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Бароям мояи ифтихори бузург аст, ки Шумо ва дар симои Шумо мардуми дӯсти тоҷикро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон самимона таҳният гӯям.

Дар Туркманистон ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои байни кишварҳоямон баҳои баланд медиҳанд.

Аминам, ки дар оянда ин ҳамкориҳо ба манфиати халқҳои Туркманистон ва Тоҷикистон рушду таҳким хоҳанд ёфт.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Шумо сиҳатии комил, хушбахтиву рифоҳ ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳ, пешрафт ва шукуфоиро таманно дорам».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Президенти Ҷумҳурии Сербия – Томислав Николич, Президенти Ҷумҳурии Португалия – Анибал Кавако Силва, Шоҳи Нидерландия – Уилям-Александр, Папаи Рим – Франтсиск, Раиси Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба – Раул Кастро Рус, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш – Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Корея – Пак Кин Хе, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиё Марказӣ – Мирослав Енча, расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати 22-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520