Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи вуруди номаҳои табрикӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2013 16:27

Ба муносибати бисту дуюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ ворид шудани номаҳои табрикотӣ идома дорад.

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай чунин барқияи шодбошӣ ирсол намудааст:

“Масаррат дорам беҳтарин табрикот ва таманниёти неки худ ва мардуми Афғонистонро ба муносибати рӯзи миллии Тоҷикистон ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми дӯст ва бародари он кишвар иброз менамоям. Хурсандам, ки равобити бародаронаи мавҷуд миёни мардумони кишварҳои мо бо гузашти ҳар рӯз густариши бештар меёбад.

Бародари мӯҳтарам, Оқои Раис ҷумҳур,

Ин як воқеият аст, ки сарнавишти мардумони мо бо ҳам гиреҳ хӯрдааст. Бинобар ин давлати Афғонистон нигаронии кишвари дуст Тоҷикистонро дар мавриди амнияти марзи муштарак бо Афғонистон комилан дарк менамояд. Бидуни тардид ҳаргуна тахдид алайҳи мунофеи яке аз кишварҳои мо метавонад бар кишвари дигар таъсири ногувор дошта бошад. Давлати Афғонистон дар мавриди рафъи таҳдидоти ёдшуда ҳамкори наздики кишвари бародари Тоҷикистон хоҳад буд. Илова бар ин густариши ҳамкориҳо ва анҷоми пружаҳои муштараки иқтисодӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои мо мебошад.

Як бори дигар маротиби хурсандии хешро нисбат ба тавсеаи равобити дӯстона миёни Афғонистон ва кишвари бародари Тоҷикистон иброз намуда, сиҳатӣ ва мувафақияти Ҷалолатмаоби Шумо ва рифоҳ ва тараққии рӯзафзуни мардуми дуст ва бародари Тоҷикистонро орзу менамоям”.

Дар табрику таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йоахим Гаук чунин омадааст:

“Ҷаноби Президент,

Ба муносибати рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми тоҷик аз номи худ ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимонаро ирсол медорам.

Дар давоми беш аз бист соли ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатиамон ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф рушду густариш меёбанд. Ҳамин тариқ, мо барои ҳамкориҳои дӯстона ва муътамад асос гузоштем. Дар ин асос, Олмон дар оянда низ мавқеи Тоҷикистонро ҷиҳати рушди минбаъдаи сохторҳои демократӣ ва ҳукумати қонунӣ, инчунин барои роҳ ёфтан ба иқтисоди бозорӣ дастгирӣ хоҳад кард.

Ба Шумо сарбаландӣ ва ба халқи Шумо сулҳ, озодӣ ва саодатмандиро хоҳонам”.

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чионг Тан Шанг дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

“Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи давлат ва Халқи Ветнам ба Шумо ва дар симои Шумо, Ҷаноби Олӣ ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон табрикоти самимонаи худро ирсол медорам.

Мо ҳамеша аз дастовардҳои халқи тоҷик ҷиҳати рушду суботи кишвар шодем. Табрикоти маро ба муносибати узви 159-уми Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шудани Тоҷикистон дар соли 2013-ро қабул фармоед. Ин рӯйдод далели боло рафтани нақш ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ман итминони комил дорам, ки равобити анъанавӣ, дӯстона ва гуногунсоҳаи мо, ки дар асоси баробарӣ ва бо назардошти манфиатҳои Ветнам ва Тоҷикистон эъмор ёфтааст, рӯз аз рӯз ба манфиати халқҳои мо, инчунин ҷиҳати пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон рушду тавсеа меёбад.
Ба Шумо Ҷаноби Президент сиҳатии бардавом, хушбахтӣ ва дар кори пурмасъулияти Шумо муваффақиятҳои зиёд орзу дорам”.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар барқияаш навиштааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати иди миллии Тоҷикистион- Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Аминам, ки равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил бунёд гардидааст, минбаъд низ ба таври пайваста бо назардошти манофеи ду ҷониб ва ҳифзи сулҳу субот дар минтақа рушд хоҳад ёфт.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо Эмомалӣ Шарифович сиҳатии бардавом, муваффақият ва ба халқи тоҷик хушрӯзиву шукуфоӣ таманно менамоям”.

Алмазбек Атамбаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Иҷозат диҳед аз номи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва халқи тоҷикро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гӯям.

Бо ризоияти амиқ изҳор медорам, ки равобити суннатӣ ва дӯстонаи миёни кишварҳоямон сол аз сол маҷрои тоза ва судмандро касб менамояд. Сафари расмии Шумо ба Ҷумҳурии Қиғизистон дар соли ҷорӣ, Ҷаласаи якуми байниҳукуматии Шӯрои ҳамоҳангии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, боздиди расмии Сарвазири Қирғизистон Ж. Сотиболдиев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои наверо дар муносибатҳо миёни ду кишвар боз намуд. Аминам, ки ҳамкориҳои байни ду давлат босуръат рушду густариш хоҳанд ёфт.

Самимона ва бо истифода аз фурсат ба Шумо сиҳатии бардавом, дар корҳои давлатдорӣ муваффақияту пешрафт ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам”.

Номаҳои табрикотӣ аз Президенти Ҷумҳурии Австрия – Ҳайнтс Фишер, Шоҳи Таиланд – Бҳумибол, Президенти Ҷумҳурии Венгрия – Янош Адер, Императори Япония – Акихито, Султони XIV-уми Малайзия Алмуътасим Биллоҳи Муҳиббуддин Туанку Алҳоҷ Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Ал-марҳум Султон Бадлишоҳ, Президенти Бонки Исломии Рушд – доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати 22-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520