Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

12.09.2013 12:23, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, Президенти академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520