Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колер

12.09.2013 11:31, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, ба рушди минбаъдаи робитаҳои судбахши ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ изҳори итминон кард.

Штефан Колер аз омодагӣ ва ҷараёни ҳамоиши бузурги иқтисодии Тоҷикистону Олмон, ки имрӯзу фардо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, ҳавасмандии устувори давлати хешро ба густариши бештари ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо кишвари мо таъйид намуд.

Ба гуфти Штефан Колер Олмон ва хусусан ширкатҳои бузурги энергетикии он ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд доранд. Таъкид гардид, ки Олмон метавонад ба Тоҷикистон дар таъмини таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, аз ҷумла кам кардани хароҷоти нерӯи барқ дар Ширкати алюминийи тоҷик мусоидат намояд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Олмон аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба навсозии нерӯгоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Норак ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520