Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ

13.09.2013 15:16, Қирғизистон

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҳамтоён,
Хонумон ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама иҷозат диҳед ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Президенти кишвар Алмазбек Шаршенович Атамбаев барои сатҳи олии ташкили мулоқотамон ва меҳмоннавозии анъанавӣ самимона изҳори сипос намоям.

Муҳтарам ҳамтоён,

Соли ҷорӣ ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дувоздаҳ сол пур шуд. Ин сана ҷашнӣ набошад ҳам, хеле махсус аст. Аз рӯи тақвими шарқӣ он рамзи интиҳои як давраи ҳаёт (мулҷар) ва оғози давраи нав мебошад. Дувоздаҳ сол қабл мо дар роҳи таъсиси созмонамон қадамҳои нахустинро гузоштем. Моро «руҳияи Шанхай», принсипҳо ва мақсадҳои дар Хартияи СҲШ баёншуда ва барномаи муштараки амалиёт муттаҳид намуд. Бо кӯшишҳои якҷоя мо ба бисёр чизҳо ноил гаштем, вале ҷаҳони пайваста тағйирёбанда, таҳдидҳо ва хатарҳои нав аз мо қарорҳои муассири таъминкунандаи ҳифзи сулҳу субот дар минтақа, фароҳам сохтани шароит барои рушди устувор ва беҳсозии ҳолати иҷтимоии халқҳоямонро тақозо мекунад.

Дар робита ба ин, таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди Созмон то соли 2025 махсусан муҳим мебошад. Воқеан, сухан дар бораи муносиб намудани фаъолияти СҲШ меравад, ки дар таърихи кӯтоҳи мавҷудияти худ аллакай ба созмони ҳақиқии байналмилалии амалкунандаи бонуфуз табдил ёфтааст. Дар мулоқоти Пекин мо аллакай Самтҳои асосиеро қабул намуда будем, ки метавонанд замимаи Стратегияи минбаъда шаванд. Ҷалби беҳтарин олимон ва коршиносони кишварҳои аъзои СҲШ-ро, ки оид ба мушкилоти минтақа мутахассис ҳастанд, муҳим мешуморам.

Дар баробари таҳаввулоти ҷаҳони муосир инчунин маҷмӯи таҳдид ва хатарҳои глобалие ҳастанд, ки дар рӯзҳои мо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо рӯбарӯ мешавад, дар ҳама ҳолат ба кор дар минтақаи фаъолияти СҲШ таҳдид менамоянд. Оё ин тағйироти чашмрас, аз ҷумлаи таъсиррасонии манфии тағйирёбии иқлим, афзоиши зиёди бемориҳои сироятӣ ба қитъаи Африқо низ таъсир хоҳад гузошт, ё зуҳуроти хатарноки «се бадӣ» ба қитъаи Африқо бетаъсир мемонад? Таҷрибаи андӯхта ва кӯшишҳои дастаҷамъӣ барои ҳалли якҷояи мушкилоти пешорӯи мо истода имкон медиҳад, ки СҲШ ба ҳама таҳдиду хатарҳоро вокуниш намояд.

Бахусус, мо ҳамкориҳои сохторҳои қудратиро дар бахши бехатарӣ, махсусан дар самти мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ, экстремизм ва сепаратизм, ки сол то сол густариш меёбанд, бо қаноатмандӣ қайд менамоем. Ҳамкориҳои ҳарбӣ дар доираи СҲШ густариш меёбанд, ки ба самти мубориза бар терроризм нигаронида шудаанд. Сатҳ ва сифати ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир низ беҳтар гардидааст.

Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар самти рушди босубот монеаи ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Мубориза бо ин падидаи номатлуб, инчунин мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ аз рӯзҳои аввал вазифаи муштараки мо ба ҳисоб меравад.

Дар чанд соли охир дар ин самт ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байнидавлатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Дар доираи Барномаи тасдиқнамудаи мо беҳтар гардидани мутобиқати ҳамкориҳои минтақавӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои амалӣ, аз ҷумла дар масъалаи ҳамкориҳо бо СММ, ба назар мерасад.

Аммо як нуктаро бояд қайд кард, ки хатарҳои таҳдидкунанда ба сулҳ ва суботи ҷаҳонӣ имкони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои трансмиллиро ба миён меоранд. Сафи ашхосе, ки аз ҳисоби истеъмолкунандагони маводи мухаддир ғанӣ мешаванд, коҳиш наёфта истодааст.
Кӯшишҳои мо бояд иловатан самараи назаррасе диҳанд, ба шарте, ки мо дар баробари чорабиниҳои вокунишии фаврӣ тадбирҳои пешгирикунандаро низ пиёда созем.

Ҳамчунин, бояд тақвияти ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб таъмин карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои расмии Афғонистон дар мубориза бо ин вабо зич ҳамкорӣ мекунад. Афсарони алоқаи Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари мо ҳангоми дар минтақаҳои шимолии ин давлати ҳамсоя қарор доштан дар якҷоягӣ бо ҳамкорони афғони худ кори хеле самарабахшро анҷом медиҳанд. Ман фикр мекунам, ки моҳияти аслии кори мо маҳз дар амалҳои муштарак бояд ифода ёбад, зеро ягон давлати ҷаҳон, ҳар қадар ки бузург ҳам бошад, дар алоҳидагӣ наметавонад ин мушкилоти ҷаҳониро ҳаллу фасл намояд.

Ҷумҳурии Исломии Афғонистони дӯст дар соли 2014 дар рӯёрӯи озмоишҳои нав қарор мегирад ва дастгирии моро интизор аст. Мо бовар дорем, халқи бародари афғон, ки аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷонибдорӣ мешавад ва ин кишварҳо, инчунин тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди минбаъдаи ҳодисаҳо дар ин кишвар масъуланд, душвориҳои дар пешистодаро муваффақона бартараф менамояд ва ба ҷаҳон саъю кӯшиши худро барои эҳёи Афғонистоне нишон медиҳад, ки дар дунё бо таърихи бой ва фарҳанги хоссаи худ машҳур аст. Мо вазифадорем, ки ҳамсояи худро дар ин марҳилаи ҳассоси таърихи Афғонистон ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ дастгирӣ намоем.

Тоҷикистон якҷоя бо дигар давлатҳои дӯсти халқи афғон дар кори баланд бардоштани иқтисод ва рушди кишвари ҳамсоя ҳиссаи амалии худро ба қадри имкон гузоштанро идома медиҳад.

Яке аз махсусиятҳои замони мо алоқамандии зичи самтҳои асосии фаъолияти Созмони мо маҳсуб мешавад: бо таъмини самараноки сулҳу субот ва амният дар минтақа мо бо кӯшишҳои муштарак ба рушди устувори тамоми фазои авруосиёӣ таъсири дарозмуддат мерасонем. Беҳтар намудани ҳаёти мардум, дар ниҳоят, вазифаи муҳими тамоми кишварҳои яъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳисоб меравад.

Дар ин росто вазифаи афзудани иқтидори ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тиҷоратию иқтисодӣ ба сифати самти афзалиятнок ба миён гузошта шудааст. Дар ин самт мо нақшаҳои умедворкунанда ва барномаҳои пурмазмунро таҳияӣ ва қабул намудаем.

Таъмини ичрои катъии онҳо муҳим аст. Вазъият дар арсаи ҷахонӣ қабули қарорхои таъҷилиро дар соҳаи ҳамкории иқтисодӣ аз мо талаб мекунад. Махсусан, ин нисбат ба он лоиҳаҳое дахл дорад, ки тавсеаи имконоти нақлиётӣ-коммуникатсионии минтақа, рушди зерсохторҳо, савдо ва сайёҳиро таъмин менамояд.

Ба назарам ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини Созмон мебошад, зеро Хартияи СҲШ мустақиман ба «истифодаи самараноки инфрасохтори мавҷуда дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия, такомули иқтидори транзитии давлатҳои аъзо, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ» ишора мекунад. Аён аст, ки бидуни таъсиси Фонди рушди (суратҳисоби махсус) СҲШ ва Бонки рушди СҲШ, ё ин ки механизми самараноки мурофиқати молиявӣ мо наметавонем татбиқи саривақтии лоиҳаҳои минтақавиро таъмин намоем.

Инчунин барои манфиати халқҳои мо муҳим аст, ки муколамаи муҳовараи байнифарҳангиро фаъолона пеш барем, ҳамдастиро дар бахши илмивуу техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ биафзоем ва ҳамкориро дар соҳаҳои тандурустӣ, сайёҳӣ ва мубодилаи ҷавонон рушд бидиҳем.

Тоҷикистон дар тақкими ҳамкориҳои ҳаматарафа дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва табдили минтақаи мо ба минтақаи сулҳ, дӯстӣ, ободӣ ва мувофиқат хеле ҳавасманд мебошад.

Бо камоли хушнудӣ бори дигар ба мизбонони меҳмондӯст арзи сипос намуда, ҳамтоёни муҳтарамро ба иҷлосияи навбатии сарварони давлатҳои аъзои СҲШ дар соли 2014 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе даъват менамоям.

Мо қатъан барои дар якҷоягӣ бо давлатҳои аъзо, нозирон ва ҳамшарикони муколама кор бурдан ба хотири рушди минбаъдаи созмонамон ва кушоиши иқтидори он омодагиамонро изҳор менамоем. Дар ин росто мо ба кӯмак ва дастгирии Шумо умед мебандем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520