Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози боздид аз ноҳияи Спитамен

15.09.2013 12:31, ноҳияи Спитамен

Аз ноҳияи Ашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен омад.

Дар ноҳияи Спитамен Президенти кишвар нахуст ба интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзман ташриф оварда, аз ҳоли ин дӯстрӯякон хабар гирифт.

Зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити интернат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол бинои он бо тариқи ҳашар ва кумакҳои хайрия мавриди тармими куллӣ қарор гирифта, аз нав ободу зебо шудааст. Бино якошёна буда, аз 12 утоқи хоб, утоқҳои машғулиятҳои фаннӣ ва толори маҷлисӣ иборат аст.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар тарбиятгирандаи интернат кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла либосҳои зимистона ва дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо 1000 сомонӣ пасандоз барои ояндаашон тақдим гардид. Тавре зикр гардид, дар ин муассисаи иҷтимоӣ 30 нафар кӯдакони синни мактабӣ, ки 3 касаш ятимони бепадару модар мебошанд, бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти навсозии роҳҳои маркази ноҳияи Спитамен бевосита шинос шуд. Чунонки зикр гардид, то имрӯз аллакай 4 км навсозӣ шудааст ва тайи чанд рӯзи дигар боз 3 км дигар ҳам нав мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин кор дар дигар роҳҳои маҳаллии ноҳия ҳам бояд марҳила ба марҳила идома дода шавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо талабу супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозии роҳҳои маҳаллӣ авҷи тоза пайдо намудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520