Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо кори ибратбахши ду хоҷагии деҳқонӣ ва мулоқот бо фаъолони ноҳияи Спитамен

15.09.2013 14:13, ноҳияи Спитамен

Дар деҳаи Саидқӯрғони ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои пахтаи хоҷагии деҳқонии Саидқурғон ташриф оварда, бо кори намунавии заҳматкашони он бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, пахтакорони ин хоҷагӣ соли гузашта пахтаи навъи ирам кишт намуда, аз ҳар гектари он 45 сентнерӣ ҳосил гирифта будаанд. Имсол онҳо дар 16 га аз ҳамин тухмӣ кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш то 45-50 сентнерӣ ҳосил мерӯёнанд.

Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии Искандари асссотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки аҳли заҳмати он низ дар 11 га пахтаи навъи ирам кишт намуда, аз ҳар гектараш 45 сентнерӣ ҳосил гирифтанианд, ҳарчанд як қисми пахта дар миёни қаторҳои боғи навбунёди шафтолу корида шудааст.

Тавре аён гардид, дар заминҳои ин хоҷагӣ тавассути кишти такрорӣ гирифтани ду ва зиёда ҳосили ғалладона ва сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ба роҳ монда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи хоҷагии деҳқонии Сурхзамини ноҳияи Спитамен бо роҳбарият ва фаъолони ноҳия мулоқоти тӯлонии ошкору самимӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ карор дод. Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум дар назди масъулин барои оянда вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520