Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гроссро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, авзои кунунии Афғонистон, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин кишвар, таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.