Дар маркази ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маросими пардабардорӣ аз болои пайкараи чорметраи қаҳрамони таърихии миллати тоҷик Спитамен баргузор гардид.
Тавре аён гардид, дар атрофи пайкара бо номи ин шахсияти таърихӣ гулгашти зебою дилнишине бунёд ёфтааст, ки аллакай ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони ноҳияи Спитамен табдил ёфтааст.
Дар ҳудуди гулгашт 4 фаввораи ранга ва ду айвонча, 49 сутун ва девори баландиаш чорметраи нимдоира дар пушти пайкараи Спитамен бо нақшу нигори замони ориёиҳо ва манзараҳои тамошобоби дигар ба назар мерасад.
Гузоштани пайкараи ин шахсияти бузурги таърихӣ омили муҳим барои омӯзиши рӯзгори гузаштаи пуршуҳрати ниёгонамон ва сабақомӯзӣ барои рушди ояндаи давлатдории мустақилли Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.