Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ду бинои иловагӣ дар таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд

16.09.2013 13:27, шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои иловагии таваллудхонаи вилоятӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни боздид аз шароити наву замонавии ин муассисаи тиббӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави он бо харҷи зиёда аз 54 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо навтарин таҷҳизоти ҷаҳонии замони муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар бинои якум, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, зоишгоҳҳо ва утоқҳои табобатии модарону кӯдакони навзод ҷойгир шудаанд. Ҳамаи утоқҳо бо таҷҳизоти гаронарзиш муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо мутахассисони ботаҷрибаи сатҳи баланд ба кор ҷалб шудаанд.

Бинои дуюм маркази ташхисӣ буда, бо тамографи магнитӣ-резонансии компютерӣ, мамограф, рентгени рақамӣ, эндоскоп ва дигар таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Ин ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши муосир, ҷамъ қариб 70 номгӯй ва ду мошини реомобилии ёрии таъҷилии тиббӣ бо харҷи қариб 10 миллион доллари амрикоӣ аз ширкати олмонии Сименс харидорӣ ва дастрасу насб карда шудаанд.

Нархи танҳо як мошини реомобилии ёрии таъҷилии тиббӣ бо таҷҳизоташ 200 ҳазор доллари амрикоӣ аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои кор бо ин таҷҳизот ва истифодаю нигоҳубини дурусти онҳо кадрҳои мутаносиб бояд омода карда шаванд, то ки ин дастгоҳҳои гаронарзиш солҳои зиёд хизмат карда, кори табибон ва мушкилоти ниёёзмандонро саҳл гардонанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои пешинаи таваллудхона ҳам бо харҷи қариб 3,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ мавриди тармим ва навсозии куллӣ қарор гирифтааст.

Дар ин муассисаи тиббии вилоятӣ 350 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар доираи тадбирҳои навсозӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии вилоят дар ин ҷо, ҳамчунин корҳои ободонии дохил ва атрофи беморхона, тоза намудани ҳуҷраҳои табобатию корӣ ва ғайра иҷро шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520