Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

16.09.2013 22:17, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаби хонандагони болаёқат ва варзишгоҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст иштирок намуд.

Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст мактаби хонандагони болаёқат, ки барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бинои мактаб аз 3 ошёна иборат буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфҳои компютерӣ, ташхисгоҳ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ мебошад. Сохтмони иншоот соли 2012 оғоз ёфта, то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ ба поён расонда шуд.

Тавре зикр гардид, дар ин мактаб, ҳамчунин то 150 нафар хонандагони болаёқат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд.

Мактаб аз бинои иншооти гуногун ва утоқу толорҳои зиёд иборат буда, дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи сатҳи баланди хонандагон мебошад. Толори маҷлисии мактаб тавре бунёд ёфтааст, ки дар он метавонанд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ низ ба роҳ монанд.

Мактаб дорои толори калони варзишӣ ва ҳам майдонҳои васеъ барои бозиҳои гуногуни варзишӣ мебошад.

Таҳхонаи мактаб низ босамар истифода мегардад, зеро дар он 2 коргоҳи дарсҳои дӯзандагӣ барои духтарон ва ошхона ҷойгир шудаанд. Ошхонаи мактабӣ бо назардошти таъмини шароити матлуби санитарию гигиенӣ бунёд ёфта, дорои дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва толори барҳаво мебошад.

Хобгоҳи мактаб, ки бинои боҳашамати дуошёна мебошад, дорои 32 утоқи муҷаҳҳази хоб ва утоқу толорҳои дарстаёркунӣ ва истироҳату фароғат буда, барои 280 нафар пешбинӣ гардидааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520