Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактабу майдони инноватсионии ронандагӣ дар шаҳри Хуҷанд

17.09.2013 13:33, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои омӯзиш ва имтиҳоноти ронандагӣ, ки ба таври инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, маркази инноватсионии омӯзиш ва имтиҳоноти ронандагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти ин соҳа муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин муассиса, ки ҳамчунин маркази санҷиши техникии мошинҳои сабукраву боркаш ва майдони варзишии картинг дорад, беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин сеюмин чунин муассисаи ин гурӯҳи соҳибкорон мебошад, зеро ду тои дигар онҳо то ин вақт дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа бунёд кардаанд. Ояндаи наздик чунин мактабу майдонҳои инноватсионии ронандагӣ боз як то дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Кӯлоб, Данғара ва водии Зарафшон бунёд карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар ин муассисаҳо омӯзиш ва имтиҳоноти назариявӣ ва амалии ронандагӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мешавад. Ин амали онҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо барномаи давлатии таъсиси ҳукумати электронӣ ба роҳ монда мешавад. Тамоми дарсҳо, имтиҳонҳои назарявӣ ва ҳарду марҳилаи санҷиши амалии маҳорати ронандагӣ, яъне ҳам дар майдони таълимӣ ва ҳам дар роҳҳои шаҳрӣ таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва дигар воситаҳои электронии пайваст ба шабакаи ягонаи мутамарказ ҷараён мегирад ва касе ба ин раванд дахолат карда наметавонад. Имтиёзҳо барои супоридани ҳар як банду саволи имтиҳоноти назариявию амалӣ ва ҳам баҳои умумии довталаб ба ҳуқуқи ронандагӣ аз ҷониби барномаи махсуси компютерӣ гузошта мешавад. Дар сурати зиёд шудани хатоҳо дар ҷараёни имтиҳон компютер ба таври автоматӣ хабар медиҳад, ки довталаб аз санҷиш нагузашт.

Барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани дарсҳо ва санҷишу имтиҳоноти ронандагӣ барои се муассисаи инноватсионии то имрӯз фаъолгардида, 250 мошини сабукрав, 30 автобус ва 50 мошини боркаш, ки ҳар яке барои ин мақсад бо дастгоҳу таҷҳизоти махсуси электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд, харидорӣ ва дастрас карда шудааст. Танҳо ба ҳамин муассисаи сеюм, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ ёфт, 29 мошини сабукрав, 10 мошини боркаш, 7 автобус ва 10 мотосикл дастрас гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳори боварӣ намуд, ки дар сурати васеъ ба роҳ монда шудани ин таҷриба ва ҳам татбиқи босамари лоиҳаҳои «шаҳри бехатар», яъне таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ қарор додани роҳҳои мошингард шумораи қоидавайронкуниҳо ба маротиб коҳиш меёбад ва фарҳанги баланди ронандагӣ тадриҷан ташаккул ёфта, рушд менамояд.

Чунонки зикр гардид, ин муассиса, ҳамчунин маркази санҷиши техникии мошинҳо дорад, ки бо таҷҳизоти навтарини олмонӣ муҷаҳҳаз буда, кори кормандони бозрасии давлатии автомобилиро дар ин самт сабук хоҳад кард. Он аз 2 хат иборат буда, дар яке ҳолати техникии мошинҳои сабукрав ва дар дувумӣ аз мошинҳои боркаш санҷишу ташхис карда мешавад.

Дар паҳлӯи ин мактаб ва майдони инноватсионии ронандагӣ, ҳамчунин майдони варзишии картинг барои дилхушӣ ва ҳам машқи ронандагии наврасону ҷавонон бунёд ёфтааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси ин соҳибкорони ватандӯсту соҳибзавқ изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки барои кам кардани шумораи қоидавайронкуниҳо, садамаҳои нохуши нақлиётӣ, коҳиш додани ҳолатҳои фавтидану осеббардории шаҳрвандаон ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани маданияти ронандагон дар роҳҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда босамар истифода бояд бурд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520