Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

19.09.2013 11:22, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия”, “Дар бораи зотпарварӣ”, “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия” дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯии энергия” қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия танзим намуда, тартиби истифодаи маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ, гузаронидани экспертизаи энергетикӣ, таъмини иттилоотии чорабиниҳо, роҳҳои дастгирии давлатӣ, татбиқи механизмҳои иқтисодӣ ва молиявии соҳа, инчунин тартиби амалӣ намудани назорати давлатиро вобаста ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зотпарварӣ” муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии ҳайвонот ва таъминии озуқавории мамлакат равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, барои таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти он, афзоиши моҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти он равона карда шудааст.

Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба рушду инкишофи соҳаи зотпарварӣ, моҳипарварӣ, сарфаҷӯӣ ва истифодаи самараноки энергия ва танзими фаъолияти волонтёрӣ равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520