Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд

23.09.2013 11:48

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:

«Бародари азиз Аълоҳазрат
Ходими ҳарамайни шарифайн

Мояи сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии иди миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатию саломатӣ, комёбӣ ва ба мардуми ба мо бародари Арабистони Саудӣ рушду пешрафти бардавом орзу намоям.

Мо дар Тоҷикистон нақши пешвоёнаи Шуморо дар эҷоди муколамаи мутамиддини созанда ва ҳамкории самарабахш байни давлатҳо ва миллатҳо баланд арзёбӣ намуда, ба дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба байни кишварҳоямон, ки дар маърази таваҷҷуҳи Шумо қарор доранд, бо назари нек менигарем.

Мутмаинем, ки ин равобити умедбахш манфиатҳо ва ормонҳои муштараки моро баҳри рифоҳу шукуфоии бештар таҷассум менамоянд».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520