Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба кори худ оғоз намуд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон – Арманистон, Беларусь, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон ҷамъ омадаанд.
Тавре зикр гардид, яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа кумаки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистони ҳамсоя аст. Ин масъала дар бастагӣ ба бароварда шудани нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 пешниҳод шуда, интизор меравад, ки дар охири ҷаласа дар ин бора қарори дахлдор ба имзо расад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин дигар масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории давлатҳои аъзои созмон баррасӣ шуда, як зумра қарорҳои муҳим қабул хоҳанд шуд.