Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази истеҳсолӣ-таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Боқи Раҳимзодаи ноҳияи Рашт

25.09.2013 12:31, ноҳияи Рашт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамоати деҳоти Боқи Раҳимзода ташриф оварда, бинои навбунёди маркази истеҳсолӣ – таълимӣ ва лагери истироҳатиро барои 180 нафар хонанда расман ифтитоҳ намуд.

Тавре аён гардид ин муассисаи истеҳсолии таълимӣ барои дастгирии фарзандони оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор фаъолияташро ба роҳ монда, дорои 22 утоқи кориву омузиши аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, дӯзандагӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Хамчунин дар ин марказ 30 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст. То имрӯз курси семоҳаи дӯзандагиро 90 нафар духтар хатм намуда 100 нафар ҷавон низ забони англисиро аз худ намуданд.

Барои бо усули замонавии оддӣ ва мутобиқу кам харҷ парвариш намудан ва омӯзонидани аҳолӣ бо ин технология дар Маркази истеҳсолӣ – таълимӣ 5 мурғхона ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 2 ҳазору 500 сар мурғ парвариш карда мешавад.

Ҳамчунин се ҳавзи моҳипарварӣ ташкил гардида, мутахассисон дар ин ҳавзҳо парвариши гулмоҳиро ба роҳ мондаанд.

Бо мусоидати ташкилоти «Рафоқати байналмилалӣ» дар ноҳияи Рашт дар ҷамоати Боқӣ Раҳимзода лоиҳаҳое татбиқ мешаванд, ки ба паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба маблағи беш аз 2 млн. доллари ИМА барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва бахши иҷтимоию иқтисодӣ равона гардидаанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520