Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ба истифода дода шуд

25.09.2013 15:02, ноҳияи Рашт

Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо иштироки Президенти мамлакат ба истифода дода шуд. Дар ин бино барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, тамоми утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Бинои Раёсат дорои маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст ва 65 утоқи корӣ мебошад.

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт барои ин таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат арзи сипосу минатдорӣ намуда, қавл доданд, ки ҷиҳати анҷоми вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамаҷониба талош хоҳанд кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520