Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пардабардорӣ аз болои муҷҷасамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва ба истифода додани бинои нави ҳукумати ноҳияи Рашт

25.09.2013 16:18, ноҳияи Рашт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Рашт парда аз болои муҷҷасамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти бинои нави мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои зертобеъи он расман оғоз бахшид.

Дар саҳни бинои нави мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, дар атрофи он фавораҳо низ бунёд гардидааст.

Бинои мақомот аз 4 ошёна иборат буда, бо маблағи 7 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои 75 утоқи корӣ ва 2 толори маҷлисгоҳ мебошад.

Ба истифода додани иншооти мазкур имконият медиҳад, ки ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, ки қаблан дар биноҳо ба шакли иҷора нишаста, фаъолият мекарданд, бо утоқҳои кории дорои шароити мусоид ва замонавӣ таъмин гардиданд.

Тамоми утоқҳои бинои нави мақомоти иҷроия бо лавозимоти зарурӣ ва техникаи компютерӣ ҷиҳозонида шуда, кормандон дар шароити арзанда фаъолият хоҳанд намуд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520