Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Рашт

25.09.2013 18:52, ноҳияи Рашт

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама тамоми сокинони меҳмоннавозу ҳимматбаланди ноҳияи Раштро бо ҷашни соҳибистиқлолии кишварамон, ки мо чанд рӯз пеш 22- юмин солгарди онро дар фазои орому осудаи кишвар ва ифтихор аз давлати озоду соҳибихтиёр таҷлил намудем, самимона табрик менамоям.

Таърихи башарият собит намудааст, ки сарнавишти халқу миллатҳои олам ва соҳиб гардидани онҳо ба давлатдории миллӣ ба маҳфуми истиқлолият робитаи ногусастанӣ дорад.

Баъди гузашти беш аз ҳазор сол ба миллати куҳанбунёди тоҷик низ муяссар гардид, ки дар қатори халқҳои озоду мустақили дунё соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардад.

Ин рӯйдоди воқеан бузурги таърихӣ барои тоҷикон хеле азизу муқаддас аст. Зеро маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми шарафманду заҳматпешаи мо тақдири худро ба даст гирифта, бо азму талоши ватандӯстона раванди корҳои ободониву созандагии Ватани аҷдодии хешро сол ба сол вусъат бахшиданд ва натиҷаи ҳамин саъю кӯшишҳои ободгарона аст, ки ҳамасола дар тамоми қаламрави мамлакат корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти таъиноти гуногун қомат меафрозад, ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот афзоиш меёбад ва зиндагии халқамон рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.

Дар ин раванд саҳми сокинони сарбаланди ноҳияи Рашт низ хеле назаррас мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Рашт дар баробари дигар манотиқи кишварамон бо дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат тадриҷан инкишоф ёфта, сол аз сол ободу зебо гардида истодааст.

Аз соли 1995 то ба имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди ноҳия беш аз 427 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 320,5 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки асосан барои сохтмони иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, пардохти маошу нафақа ва кумакпулиҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ хароҷот гардидааст.

Бо ин мақсад танҳо аз ҳисоби хазинаи Президенти мамлакат беш аз 16 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ субвенсия ё кумак ба буҷети ноҳия 93,4 миллион сомониро ташкил додааст.

Дар баробари ин, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ноҳия бо қарори Ҳукумати мамлакат “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016” тасдиқ гардида, ҳоло мавриди иҷро қарор дорад.

Дар барномаи мазкур дар давоми 5 соли наздик бунёди 73 иншоот ба маблағи 105 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии барномаи зикршуда ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида чораҷӯӣ намоянд.

Мо имрӯз бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва рафти корҳои сохтмони як силсила иншооти иҷтимоӣ дар ноҳия шинос шуда, дар ифтитоҳи хобгоҳ барои 200 нафар тарбиятгирандагони мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ, бинои таълимии Донишгоҳи омӯзгорӣ ва як қатор иморатҳои маъмурӣ ширкат доштем.

Дирӯз нерӯгоҳи барқи обии Тутак бо иқтидори 580 киловатт-соат ба истифода супорида шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи коргарону мутахассисон, инчунин соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар натиҷаи саъю талош ва саҳми ватандӯстонаи онҳо имрӯз симои ноҳияи Рашт куллан дигаргун шудааст, изҳори сипос менамоям.

Инчунин рӯзҳои наздик лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Рашт- Навобод оғоз мегардад, ки дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар давоми ду сол 18 километр роҳи Рашт –Навобод ва пули дарёи Сорбоғ таъмиру азнавсозӣ шуда, 5 ҷамоати ноҳия бо мақсади амалисозии чорабиниҳои вобаста ба солимгардонии модару кӯдак бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мегарданд.

Илова бар ин, ҳоло дар ноҳия корхонаи ордбарорӣ бо иқтидори коркарди 60 тонна ғалла дар як шабонарӯз ва имконияти нигоҳдории 4 ҳазор тонна ғалла ҳамчун захира бо арзиши лоиҳавии беш аз 10 миллион сомонӣ бунёд шуда истодааст, ки тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супорида мешавад.

Соли гузашта қисми даромади буҷети ноҳия зиёда аз 25 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2006 чор баробар зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар ин давра маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ чандин баробар афзоиш ёфта, дар қаламрави ноҳия 83 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла даҳҳо корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, иншооти маъмуриву истиқоматӣ ва таъиноти иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Тибқи маълумот дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Рашт дар ҳаҷми қариб 76 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёда аз 4 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 26 ва 14 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо ин, дар ноҳияҳои водии Рашт ва худи ноҳияи Рашт захираву имкониятҳои истифоданашуда дар самти афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва афзун намудани даромади буҷет, аз ҷумла тавассути муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ тараққӣ додани туризм ва зиёд кардани коркарди ангишт ҳанӯз хеле зиёданд.

Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Раштро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ, афзун гардонидани сарчашмаҳои андозбандӣ, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, азхуд намудани заминҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкорони манотиқи дурдасти кӯҳистон торафт зиёд мегардад.

Имрӯз шумораи намояндагии бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳанда дар ноҳияи Рашт ба 10 расида, аз ҷониби онҳо танҳо соли 2012 ба аҳолӣ ба маблағи қариб 20 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2006 беш аз се баробар зиёд буда, ба рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мусоидат намудааст.

Дар ин давра, дар ноҳияи Рашт 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ карда шуда, ҳоло 5 лоиҳаи дигар дар соҳаҳои иҷтимоӣ, кишоварзиву рушди деҳот ва энергетикаву таҷдиди роҳҳои мошингард мавриди татбиқ қарор доранд, ки дар доираи онҳо то ба имрӯз беш аз 170 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бо нерӯи барқ дар ҳудуди ноҳияи Рашт 59 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори беш аз 4300 киловатт - соат сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони боз як нерӯгоҳи хурд бо иқтидори қариб 600 киловатт - соат идома дорад, ки дар мӯҳлатҳои наздиктарин ба истифода супорида мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия ба масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлат эътибори зарурӣ дода мешавад ва дар панҷ соли охир дар ноҳияи Рашт қариб 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Дӯстони азиз!

Дар ноҳияи Рашт ва дигар ноҳияҳои водӣ соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати ба шуғли доимӣ ҷалб намудани аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ нақши муҳим мебозад.

Тибқи маълумот ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли гузашта нисбат ба соли 2006 1,8 баробар зиёд гардида, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда зиёда аз 76 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 фоиз зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои ноҳия соли 2012 нисбат ба соли 2006 истеҳсоли картошка 2 баробар, сабзавот - 1,6 ва мева - 2,4 баробар зиёд гардидааст.

Бо вуҷуди ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати азхуд намудани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, дар ин замина афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва иҷрои барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ ҳангоми сафари кориам дар соли 2011 бо дарназардошти имконоти мавҷуда ба роҳбарияти ноҳияҳои минтақа ва сохторҳои марбутаи кишвар дастур дода будам, ки майдони кишти картошка ду баробар зиёд карда шавад.

Тибқи маълумот соли 2012 дар ноҳия майдони кишти картошка ба зиёда аз ду ҳазору 500 гектар расонида шуда, қариб 58 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шудааст, яъне майдони кишт ва ҳаҷми истеҳсоли картошка нисбат ба соли 2006 ду баробар зиёд гардида, аз ҳар гектар беш аз 230 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳарчанд ки майдони кишт, ҳаҷми истеҳсол ва ҳосилнокии картошка дар ноҳия зиёд гардидааст, вале бори дигар хотирнишон месозам, ки имкониятҳои мавҷуда то ҳол пурра истифода нашудаанд.

Вобаста ба ин, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вазифадор карда мешаванд, ки доир ба таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, нуриҳои маъданӣ, техника ва таҷҳизоти зарурии кишоварзӣ, захираву коркард намудани маҳсулот ва ташкили бозори фурӯши он чораҳои иловагӣ андешанд.

Шароиту иқлими ноҳияи Рашт барои рушди соҳаи боғдорӣ бо истифода аз навъҳои маҳаллӣ ва навъҳои дар бозор рақобатпазири себу нок хеле мувофиқ мебошад.

Бинобар ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки дар баробари амалӣ намудани барномаи бунёди боғу токзорҳои нав, барқарорсозии боғҳои кӯҳна, инчунин воридоти технологияҳои пешрафта ва коркарди саноатии мева аҳамияти махсус диҳанд.

Илова бар ин, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав, пешгирӣ кардани партовшавии заминҳои корам, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҷиҳати пешгириву ошкор ва бартарафсозии камбудиҳои дар самти қонунгузории замин ҷойдошта ва истифодаи самараноку оқилонаи он мунтазам чораҳои иловагӣ андешанд.

Бо мақсади таъмини шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат қариб 4 ҳазору 500 гектар замин ҷудо карда шудааст, ки дар натиҷа зиёда аз 31 ҳазор оилаи ноҳия шароити манзили худро беҳтар кардаанд.

Ҳамзамон ба ин, бо мақсади ташкил намудани хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ (заминҳои президентӣ) 482 гектар, аз ҷумла 78 гектар замини обӣ ба шаҳрвандони ноҳия вобаста карда шудааст.

Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир соҳибкорони ноҳия дар масъалаи азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав, барқарорсозии каналу ҷӯйборҳо, боғҳои мавҷуда ва бунёди боғҳои нав, рушди соҳаи картошкапарварӣ ва зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал саҳми босазо гузошта истодаанд.

Бо вуҷуди ин, имконияту иқтидорҳои мусоиди ноҳия роҳбарону мутахассисон ва кишоварзони ноҳияро водор месозад, ки бо мақсади афзоиш додани даромади буҷети ноҳия ва аҳолӣ, рушди бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ, боғдориву сабзавоткорӣ, чорводорӣ, занбӯри асалпарварӣ, коркарди маҳсулоти кишварзӣ ва бо ҳамин роҳ боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳанӯз аз оғози истиқлолият мо рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, барои таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодаем.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Рашт 156 мактабу биноҳои иловагӣ бо зиёда аз 8 ҳазор ҷои нишаст, аз ҷумла 73 биноҳои нави таълимӣ ва 83 синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи зиёда аз 18 миллион сомонӣ бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар доираи чорабиниҳои ободонии ноҳия дар муқоиса бо даҳ соли пеш имрӯз шароити муассисаҳои тандурустӣ низ хеле беҳтар ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонида шудааст.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин дигар ноҳияҳои минтақаи Рашт вазифадоранд, ки омодагии мактабҳо ва муассисаҳои тандурустиро ба тирамоҳу зимистони дарпешистода таҳти назорати доимӣ қарор дода, доир ба бартараф намудани мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта, аз ҷумла нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ, таҷҳизоту асбобҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, инчунин бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин сохтани беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Соли 2011 дар филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ санги асоси сохтмони бинои нави таълимӣ ва толори варзиширо гузошта, супориш дода будам, ки сохтмони биноҳо дар зарфи ду сол ба анҷом расонида шаванд.

Ҳамзамон таъкид карда будам, ки шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ бояд тарзе муҳайё гардад, ки оянда он ба донишкадаи мустақили омӯзгорӣ табдил дода шавад.

Чунонки мебинем, то имрӯз супоришҳои додашуда амалӣ гардиданд ва соли ҷорӣ бо Қарори Ҳукумати мамлакат филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт ба донишкадаи мустақили омӯзгорӣ табдил дода шуд, ки дар самти соҳибкасб гардидани ҷавонони водии Рашт ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ нақши сазовор хоҳад бозид.

Зеро ояндаи Ватан ва ҳамаи ободиҳое, ки насли имрӯз анҷом медиҳад, ба дӯши насли наврас гузошта мешавад.

Яъне агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватанамон обод бошад, давлатамон рушд ёбад ва дар қатори кишварҳои пешрафта мақоми арзандаи худро пайдо намояд, бояд ба тарбияи кадрҳои соҳибмаърифату соҳибкасб ва баландихтисосу ботаҷриба ҷиддан машғул шавем.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ ва дарки масъулияти амиқи шаҳрвандӣ дар тарбияи ахлоқӣ ва таълими замонавии наврасону ҷавонон саъю талош намоем.

Шубҳае нест, ки дар ин кори хайр сокинони бонангу номуси ноҳияи Рашт чун ҳарвақта саҳми арзандаву ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Мафҳумҳои “истиқлолият”, “давлатдории миллӣ”, “ваҳдати миллӣ” ва “сулҳу субот” барои миллати тоҷик басо муқаддасанд ва зарур аст, ки дар ҷаҳони имрӯзаи пур аз зиддияту моҷароҳо ҳар яки мо аз ҳарвақта бештар ба қадри ин мафҳумҳо расем.

Водии Рашт мулки пурфайз, зодгоҳи чеҳраҳои маъруфи илму адаб ва санъату маънавиёти тоҷикон буда, сокинони он ватандӯсту боғайрат ва бонангу номус мебошанд.

Итминони комил дорам, ки сокинони Рашти бостонӣ минбаъд низ ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва бо такя ба анъанаҳои неку арзишманди аҷдодӣ барои пешрафти Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр азму талоши ватандӯстонаи худро дареғ намедоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ба кулли мардуми меҳмоннавози Рашт умри пурбаракат, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.

Доимо саломату хонаобод бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520