Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод

26.09.2013 10:31, ноҳияи Тоҷикобод

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва дастгирии самимонаву саҳми ватандӯстонаи мардуми бонангу номуси диёрамон корҳои созандагиву ободонии кишвари азизамон торафт вусъат ёфта истодааст.

Тавре ки ҳамаи шумо мушоҳида мекунед, дар гӯшаву канори гуногуни кишварамон бунёди корхонаҳои истеҳсоливу иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва ба истифода супоридани онҳо густариш пайдо карда, боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мегардад.

Дар ин раванд бо амалӣ гардидани силсилаи иқдомоти Ҳукумати кишвар дар самти рушди ноҳияҳои водии Рашт имрӯз симои ноҳияи Тоҷикобод низ ба куллӣ дигаргун шуда, сокинони он дар баробари заҳматкашони дигар манотиқи мамлакат шукрона мекунанд, ки аз баракати соҳибистиқлолии кишвар, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба чунин дастовардҳо ноил мегарданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат дар зарфи солҳои истиқлолият ҷиҳати рушду тараққиёти ноҳияи Тоҷикообод мунтазам чораҷӯӣ карда, аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 180 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 116 миллион сомонӣ равона кардааст.

Илова бар ин, дар ноҳия амалисозии 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки аз ин ҳисоб то имрӯз беш аз 125 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Дар ҳақиқат, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан солҳои охир соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод мунтазам тараққӣ ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардида истодааст.

Зикри чанд далелу нишондиҳанда кофист, ки пешрафти ноҳия ба хубӣ маълум гардад.

Масалан, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия соли 2012 қариб 115 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2006 ду баробар ва нисбат ба соли 1992-ум 27 баробар зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети ноҳия дар муқоиса бо соли 1992-юм 260 баробар ва маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар муқоиса бо соли 2006 даҳҳо баробар зиёд гардидааст.

Дастоварду ободкориҳои сокинони ноҳия, бешубҳа, аз рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии мардуми сарбаланди он шаҳодат медиҳанд.

Аз ободиву сарсабзии ноҳия маълум аст, ки силсилаи тадбирҳои муҳими созанда дар самти таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинон самараи нек дода истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёд ва таҷдиду азнавсозии 132 иншооти таъиноти гуногун 19 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.

Танҳо дар давоми ҳафт соли охир 76 иншоот ба маблағи зиёда аз 17 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар раванди вусъат пайдо кардани корҳои созандагӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ хеле назаррас буда, аз ҷониби онҳо то имрӯз беш аз 100 иншооти тиҷоративу хизматрасонӣ бунёд карда шудааст, ки чунин иқдомоти ватандӯстона ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат мерасонад.

Дар ҷараёни сафари имрӯза мо дар маросими ба истифода супоридани якчанд иншооти навбунёд иштирок намуда, аз ташаббусҳои соҳибкорони бонангу номуси ноҳия қаноатманд гардидем.

Имрӯз бо иштироки сокинони ноҳия якчанд иншооти навбунёд, аз ҷумла варзишгоҳ бо зиёда аз шаш ҳазор ҷойи нишаст, ки ба маблағи 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, инчунин бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ, маркази фароғатӣ барои ҷавонон, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об ва маркази тиҷоратӣ ба маблағи умумии қариб 16 миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳоло сохтмони боз 20 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи умумии 23 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.

Чунонки медонед, дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин обутоби ҷисмонии насли наврас ва ояндасози Ватанамон мақоми муҳим дорад.

Бинобар ин, масъалаи бунёди варзишгоҳҳову дигар иншооти муосири варзишӣ ва таъмиру азнавсозии иншооти мавҷудаи соҳа дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Далели равшани ин гуфтаҳо ба истифода додани варзишгоҳи имрӯза аст, ки аз ҳамин рӯз сар карда, дар ихтиёри мардуми ноҳия қарор мегирад.

Ҳамзамон бо ин, соли 2011 дар ноҳия аввалин корхонаи саноатӣ – заводи хиштбарорӣ бо иқтидори лоиҳавии 2,5 миллион дона хишт дар як сол аз ҷониби соҳибкорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар он 30 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардида, дастрасии аҳолӣ бо масолеҳи сохтмон осон гардид.

Дар баробари ин, дар ҳудуди ноҳия 8 корхонаи дигар, аз ҷумла корхонаҳои хурди мебелсозӣ, маснуоти оҳанӣ ва масолеҳи сохтмон фаъолият мекунанд.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия ҷиҳати ба соҳибкорони маҳаллӣ муҳайё сохтани ҳамаи шароити зарурӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар баробари ин, танҳо дар соли гузашта дар ноҳия беш аз 1100 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд, ки ин албатта хуб аст.

Соли гузашта аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ба маблағи беш аз 8 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2006-ум 4,2 баробар зиёд мебошад.

Шумораи соҳибкорон дар ин давра аз 330 ба 560 нафар ва шумораи ташкилоту шахсони ҳуқуқӣ аз 130 ба 200 адад расидааст, ки бешубҳа дар самти рушди ноҳия нақши муҳим мебозад.

Яке аз муҳимтарин падидаҳои ҳаёти сокинони ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ анҷоми марҳалаи сеюми шоҳроҳи Душанбе-Саритош ва ба истифода додани пули пайвасткунандаи ноҳия бо пойтахти кишвар мебошад, ки дар доираи лоиҳаи зикршуда 25 километр роҳҳои дохили ноҳия таҷдид гардида, барои осон кардани мушкилоти рафтуомади аҳолии ноҳия нақши муҳим бозид.

То соли 1992 шабакаи барқи ноҳияи Тоҷикобод дар ҳайати ноҳияи Рашт бо шумораи 18 нафар коргарон фаъолият мекард.

Ҳоло шабакаи барқи ноҳия мустақил гардида, дар он 53 нафар мутахассисон ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ шаш нерӯгоҳи барқи обии хурд ва соли 2010 аз ҳисоби буҷети давлат дар деҳаи Фатҳобод нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 283 киловатт - соат сохта, ба истифода дода шудааст ва имрӯз таъминоти аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо нерӯи барқ хеле беҳтар гардидааст.

Дӯстони гиромӣ!

Ноҳияи Тоҷикобод минтақаи кишоварзии кишвар маҳсуб гардида, аксари аҳолӣ бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми қариб 28 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ заҳматкашони ноҳия дар масоҳати зиёда аз 5 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 2 ҳазору 400 гектар ғалладона, 1080 гектар картошка ва 270 гектар сабзавот кишт намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли қариб ҳамаи намудҳои маҳсулоти кишоварзиро афзоиш додаанд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки соҳаҳои боғдориву картошкапарварӣ ва чорводориву занбӯри асалпарварӣ дар ноҳия сол аз сол рушд карда, соли ҷорӣ бори аввал аз картошкаи тухмии дар хоҷагиҳои ноҳия истеҳсолгардида 1200 тонна тухмӣ барои кишт ба хоҷагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интиқол дода шудааст.

Ин иқдом ба вазъи молиявии хоҷагиҳо таъсири мусбат расонида, ҳавасмандии онҳоро ба истеҳсоли картошкаи тухмӣ зиёд намудааст.

Вобаста ба рушди соҳаи картошкапарварӣ аз Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақозо мегардад, ки вазъи хоҷагиҳои ноҳияро омӯхта, ҷиҳати дар ноҳия ташкил намудани хоҷагии тухмипарварӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бори дигар ёдовар мешавам, ки ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқавории кишвар зарур аст, ки тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда шаванд.

Зеро дар шароити кунунӣ истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва дар ин замина афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва корманди соҳа мебошад.

Ҳоло дар аксари хоҷагиҳои ноҳия ҷамъоварии картошкаву мева оғоз гардидааст ва зарур аст, ки ин маърака ҳарчи зудтар ва муташаккилона анҷом дода шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии кишоварзон ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили рӯёнидашуда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ба истеҳсолкунандагон ҷиҳати захира ва ташкили фурӯши маҳсулот дар бозорҳои кишвар ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат таъмини зиндагии шоистаи аҳолии шаҳру деҳоти кишвар мебошад.

Бо ин мақсад дар замони соҳибистиқлолии кишвар тавассути қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити оилавии зиёда аз 12 ҳазор аҳолии эҳтиёҷманди ноҳия барои бунёди манзили истиқоматӣ қариб 2 ҳазору 100 гектар замин ҷудо карда шудааст.

Танҳо дар давоми се соли охир тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Тоҷикобод 288 гектар замин ҷудо гардида, то имрӯз 129 гектари он ба 530 оилаи эҳтиёҷманд тақсим карда шудааст.

Дар иртибот ба ин масъала таъкид менамоям, ки тақсимоти одилонаи замин, мусоидат ба ташкили инфраструктураи муосири маҳалҳои аҳолинишини навбунёд, кӯмаку раҳнамоӣ ба оилаҳои ҷавон ҷиҳати бунёди манзилҳои истиқоматӣ вазифаи муҳими роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоату маҳаллаҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки соли 1992 дар ноҳия ҳамагӣ 24 муассисаи таълимӣ фаъолият мекард.

То имрӯз барои таъмиру барқарорсозӣ ва бунёди биноҳои наву синфхонаҳои иловагӣ тавассути ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 10 миллион сомонӣ равона карда шудааст ва ҳоло шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 43 адад расидааст.

Тайи солҳои 1997 – 2012 320 нафар толибилмони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил гардида, 54 нафари онҳо баъди хатми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни ноҳия фаъолият карда истодаанд.

Инчунин дар зарфи солҳои истиқлолият Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод таваҷҷуҳи зарурӣ дода истодааст ва бо мақсади таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳия қариб 8 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Дар баробари ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро таъкид намоям, ки вақтҳои охир дар натиҷаи беаҳамиятиву бемасъулиятии баъзе падару модарон, омӯзгорон ва бетарафии аҳли ҷомеа коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани баъзе аз онҳо ба мушоҳида мерасад.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Тоҷикобод тамоюли афзоиши ҷинояткорӣ ба мушоҳида мерасад.

Шумораи ҷиноятҳои содиршуда аз 18 ҳолати соли 2010 то ба 39 ҳолат дар соли 2012 афзоиш ёфтааст, яъне содиршавии ҷиноятҳо беш аз ду баробар зиёд гардидааст, ки чунин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад.

Дар робита ба ин, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода мешавад, ки ҷихати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пешгириву ошкорсозӣ ва роҳ надодан ба содиршавии ҷиноятҳо чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳамчунин, ба шумо падару модарон ва роҳбарону фаъолон муроҷиат намуда, хоҳиш менамоям, ки ба ин масъалаи муҳим, яъне таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоед ва фаромӯш насозед, ки тарбияи дурусти фарзанд ин ғамхорӣ дар ҳаққи ояндаи миллат ва давлат аст.

Бори дигар ба вазоратҳои маориф, фарҳанг, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода мешавад, ки бо ҷалбу истифодаи тамоми имкониятҳо, аз ҷумла падару модарон, аҳли зиё ва умуман ҳамаи аъзои ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум, пеш аз ҳама, миёни наврасону ҷавонон қатъиян пурзӯр намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони истиқлолият ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа буда, маҳз ҳамин омилҳо давлату миллатро аз хатари парокандашавӣ ва нестӣ ҳифзу эмин нигоҳ доштанд.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ бо корҳои созандаву бунёдкориҳои худ мулки аҷдодиашонро ободу пешрафта мегардонанд ва саҳми ватандӯстонаи худро дар самти амалӣ гардидани ҳадафҳои миллиамон, инчунин тақвияти пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи суботу оромӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ, зиндагии осудаву пурфайз ва барору комёбӣ орзу менамоям.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520