Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод

26.09.2013 10:24, ноҳияи Тоҷикобод

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ оғоз гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавии мақомоти Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он расман оғоз бахшид. Иншооти мазкур бо маблағи 3 милион сомонӣ сохта шуда, дорои 46 утоқи корӣ мебошад ва бо навтарин таҷҳизоти техникиву соҳавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. Бинои маъмурии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин дорои толори маҷлисӣ, ошхона, утоқҳои соҳавӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулини соҳаро вазифадор намуд то дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҳама гунна амалҳои номатлуб, решкан намудани ҷинояту чинояткорӣ маҳорати хуби касбӣ нишон дода, худ низ дар иҷрои вазифаи хизматӣ рафтори намунавӣ дошта бошанд.

Дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби обро мавриди истифода қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин иншоот низ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохта шуда, дар бунёди он 1 милиону 300 хазор сомонихарҷ гардидааст. Дар ин бинои навбунёд маҷлисгоҳ ва 15 утоқи корӣ мавҷуд мебошад. Қаблан коргузории маъмурӣ, дар бинои иҷора сурат мегирифт, ки то андозае ба талабот ҷавобгӯ набуд. Ҳамзамон бо беҳтар шудани шароити корӣ имкон аст, то хизматрасонӣ ба аҳолӣ хубтар ба роҳ монда шуда, раванди корхои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия вусъат ёбад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520