Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази фароғатии ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод

26.09.2013 10:28, ноҳияи Тоҷикобод

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази нохияи Тоҷикобод бинои дуошёнаи маркази фароғатии ҷавонони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ карор дода шуд.

Бинои мазкур бо харҷи 714 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он беш аз 10 ҷойи корӣ муҳайё шудааст. Дар ин маҷмаъа, ки аз ду ошёна иборат мебошад, утоқи компютерӣ бо дастрасӣ ба шабакаи байналмилалии интернет, коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 мошинаи дарздузӣ, хонаи ақди никоҳ ва дар ошёнаи дуюм бошад, китобхонаи барҳавою замонавӣ ҷойгир аст. Зимни шиносоӣ бо шароити мавҷудаи бинои мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази омӯзиши компютериро боз ҳам васеътар кунанд.

Тавре масъулин иброз доштанд, то ин замон дар ҳудуди ноҳия хонаи ақди никоҳ мавҷуд набуд ва шаҳрвандон ин маросимро аслан дар ҷамоатҳо баргузор мекарданд.

Дар ин бинои навбунёд маросими ақди никоҳи 5 оилаи ҷавон баргузор гашт. Сарвари давлат ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда, барояшон бахти сафед таманно намуд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520