Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифода додани боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷиргатол

26.09.2013 17:00, ноҳияи Лахш

Ҳамчунин бо иштироки сарвари давлати Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ҷиргатол боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуд.

Боғи фарҳангӣ дар як муддати кӯтоҳ бунёд ёфта, ба як маркази дилхушии кӯдакон табдил гардидааст.

Боғи мазкур аз маҷмааҳои дилхушӣ ва атраксионҳои гуногун иборат мебошад.

Президенти мамлакат ба шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар боғ шинос шуда, таъкид намуд, ки ба сокинон ва меҳмонон дар оянда хизматрасонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳамчунин бо фаъолони ноҳия суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Аз ҷумла Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ноҳияи Ҷиргатол ободу зебо гардида, дар ин давра иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст.

Зикр гардид, ки дар ноҳияи Ҷиргатол тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар 400 иншооти муҳим, аз ҷумла 39 пул, 21 мактаби нав ва 20 муассисаи табобатӣ сохта шуда, 52 адад трансформатору зеристгоҳҳои барқӣ харидорӣ ва васл карда шудаанд. Инчунин 76 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ таъмир карда шуда, ба 35 деҳаи ноҳия хатти оби нӯшокӣ кашида шудааст.

Картошкапарварӣ ҳамчун бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ сол то сол рушд карда, майдони кишти он бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда васеъ карда мешавад.

Ҳангоми суханрони Президенти мамлакат таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба мамлкати содиркунандаи картошка табдил ёфтааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки истеҳсоли картошка имсол дар ҷумҳурӣ 1 миллион тоннаро ташкил дода, дар 3 соли оянда ба 1,5 миллион тонна расонида мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520