Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони нохияи Нуробод мулоқот намуда, дастовардҳои ноҳия ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод
Аз ҷумла таъкид намуд, ки бо мақсади таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ қариб 356 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Инчунин дар доираи амалисозии чор лоиҳаи сармоягузории баанҷомрасида дар соҳаи маориф ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, се лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву роҳсозӣ ва рушди кишоварзӣ, ки татбиқи онҳо идома дорад, беш аз 124 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.
Зикр карда шуд, ки барои суръат бахшидан ба корҳои ободонии ноҳия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2013-2017» қабул гардида, тибқи он анҷом додани як силсила чорабиниҳои созандаи навбатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Аз ҷумла, дар доираи татбиқи амалии барномаи мазкур сохтмони 18 мактаби таҳсилоти умумӣ, 12 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, мактаб-интернат ва коллеҷи муҳандисиву техникӣ, иншооти обу корези ноҳия, толори маҷлисгоҳ, боғ ва кохи фарҳанг, китобхона, инчунин толору майдончаҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин замина Президенти кишвар доир ба татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Нуробод, таъмини ҳадафҳои боло бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки дар натиҷаи меҳнати содиқона ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ба вуҷуд меоянд, дастуру ҳидоятҳо дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо назардошти имконоти табиии мавҷуда ва шароити фаррохи соҳаи кишоварзиро махсус таъкид намуда, доир ба рушди боғдорӣ ва зиёд намудани масоҳати кишту истеҳсоли картошка тавсеаҳои муфид дод.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои мардум посухҳои мушаххас дода, дар назди масъулин барои оянда дастуру супоришҳо дод.