Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод

15.07.2011 17:00, ноҳияи Файзобод

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ба истифода додани як зумра иншооти наву замонавӣ ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Файзобод сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Мискинобод бо шиносоӣ бо парвариши картошкаи тухмӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии ба номи Абдувоҳид Назиров оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, аз 746 га замини корами ин корхона 528 гектараш обӣ аст. Картошка дар майдони 65 га кишт карда шудааст. Дар тамоми ноҳия, ки дорои 3700 га замини обӣ аст, дар майдони 300 гектар картошка кишт карда шудааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сатҳи ноҳияву ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои ба ҳазор гектар расондани майдони кишти картошка дар ноҳияи Файзобод тадбирҳо андешида, амалӣ намоянд.
Дар қитъаи дигари заминҳои Корхонаи воҳиди давлатии ба номи Абдувоҳид Назиров, ки ҳосили фаровони юнучқа додааст, аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти такрории картошка оғоз бахшида шуд. Чунонки зикр гардид, сарфи назар аз он, ки ин мавзеъ дар баландии беш аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, дар ин ҷо низ аз кишти такрорӣ ҳосили фаровон гирифтан мумкин аст. Аҳли хоҷагӣ умед доранд, ки баъди 80 рўз аз картошкаи кишти такрориашон ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби боҳашамати дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 1240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ифтитоҳи ин мактаб боиси хушнудию сипосгузорӣ ва қадрдонии мардуми деҳоти атроф шуд, зеро то ин вақт мактаббачагони ин мавзеъ дар шароити номувофиқи таълимӣ таҳсил мекарданд.

Ба иттилои масъулин, мактаб дар зарфи ду сол бо харҷи беш аз 10 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд сохта ва бо асбобу ашё ва таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. қисми зиёди ин маблағ қарзи имтиёзноки Бонки исломии рушд, боқӣ саҳми ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Мактаб дорои 20 синфхона, аз ҷумла синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои кимиё, биология, физика, ду синфи компютерӣ, ду синфи махсуси лингофонӣ барои омўзиши забонҳои хориҷӣ ва синфҳои ҳунаромўзӣ барои духтарон ва писарон мебошад. Синфҳои ҳунаромўзӣ дорои таҷхизоти зарурии дўзандагӣ, пўхтани таому шириниҳо, коркарди чўбу тахта, оҳан, мис ва дигар ҳунарҳои сохтмонӣ мебошад. Синфҳои компютерӣ дорои 68 компютер аст. Тавре хонандагон зикр намуданд, аксари онҳо дар хонаҳояшон ҳам компютер доранд ва ба омўзиши технологияҳои иттилоотию компютерӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Зимни боздид аз ошхонаи барҳавои мактаб Сарвари давлат таъкид намуд, ки ба сифати хўрокҳои кўдакону мактаббачагон ва ҳолати тозагию санитарӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад.

Дар толори маҷлисӣ, ки 134 ҷойи нишаст дорад, дастаи ҳаваскорони мактаб ҳунари волои худро намоиш дода, ҳамаро ба ваҷд оварданд.

Толори варзишии мактаб дорои шароити хуби машқу тамрин барои якчанд намуди варзиш ва 90 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи маориф ва сохтмону меъморӣ дастур дод, ки минбаъд зимни омода кардани лоиҳаи мактабҳо толорҳои аз ин ҳам васеътари варзишӣ бо ҷойҳои зиёди нишаст, корти теннис, ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити варзишӣ ба нақша гирифта шаванд.

Дар ҷамоати деҳоти ҷавонони ноҳияи Файзобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори ибратбахши хоҷагиҳои деҳқонӣ аз наздик шинос шуд. Тавре аён гардид, аҳли заҳмати ин хоҷагиҳо истифодаи босамари заминҳои обӣ, аз ҷумла кишти такрориро хуб ба роҳ монда, аз он самараи дилхоҳ мегиранд. Зимни боздид Сарвари давлат ва ҳайати ҳамроҳи ў шоҳиди ҳосили фаровони картошка, пиёз, помидор, лўбиё ва дигар зироатҳо гардиданд.

Бобои Аҳмад Бердиеви 88 сола низ, ки иштироккардаи ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва маъюби гурўҳи якум мебошад, бо фарзандону наберагон дар 4 га замин хоҷагии деҳқонӣ созмон дода, вақти бештари худро дар майдонҳои кишт мегузаронад. Чунонки ў ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, кор дар саҳро ва тарзи солими ҳаёт ба ў қуввату дармони ҷавонӣ мебахшад.

Дар маркази ноҳияи Файзобод бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи ноҳиявӣ ва як чойхонаи миллӣ ифтитоҳ ёфт.

Зимни боздид аз осорхонаи ноҳиявӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо осори таърихии шаҳри бостонии Вашгирд ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуд.

Чойхонаи миллӣ бошад, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наврўз Бобиев бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, толори асосии он дар ошёнаи дуюм дорои 130 ҷойи нишаст мебошад.

Ошёнаи якумаш бошад, дорои толори бозиҳои гуногуни варзишӣ ва толорҳои дилхушӣ аст.

Дар боғи марказии ноҳияи Файзобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори аҳли заҳмати ноҳия мулоқот намуд.

Зимни суханронӣ ба масоили ободонии ин ноҳияи хушбоду ҳаво ва хушманзар, таълиму тарбияи дурусти насли наврас, дастгирии соҳибкории хусусӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Миёни Сарвари давлат ва сокинони ноҳияи Файзобод маҳфили ошкору самимии пурсишу посух сурат гирифт. Зимни он Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори онҳо оид ба ҳалли масоили соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таҳсили ҷавонон дар мактабҳои олӣ, обрасонӣ, рушди соҳибкорӣ ва дигар мушкилот посух дод.

Ба роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд, ки бо ҷалби соҳибкорони баору номуси маҳаллӣ то Наврўзи соли 2012 як корхонаи дўзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ бунёд намуда, барои боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои корӣ ба мардум тадбирҳои судманди дигар низ амалӣ намоянд.

Соҳибкори маҳаллӣ Акбар ҳакимов бо ҳидояти Сарвари давлат уҳдадорӣ гирифт, ки дар ноҳияи Файзобод як корхонаи бузурги ресандагӣ ва як мағозаи фурўши тухму гўшти мурғ ифтитоҳ менамояд.

Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаҳои мавҷуда ва иҷрои дархостҳои имрўзаи мардум то охири соли равон татбиқи лоиҳаи расондани оби нўшокӣ ва тармиму навсозии беморхонаи марказӣ ба поён мерасад ва барои барқарор намудани 40 чоҳи амудии обкашӣ лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия ва қабул хоҳад шуд, то ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон маркази лизингии техникаи кишоварзӣ бо 10 адад техникаи нав ба кор шуруъ хоҳад кард.

Месазад таъкид намуд, ки дар ноҳияи Файзобод чун ҳамаи шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба ҷашни солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон шумораи зиёди иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию фарҳангӣ ва тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, садҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520