Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд

29.09.2013 09:49, ноҳияи Ховалинг

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг бо иштирок дар ифтитоҳи Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд оғоз ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин марказ дар заминаи собиқ мактаб бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ барои таълиму тарбияи кӯдакони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ омода гардидааст.

Чунонки аён гардид, дар ин ҷо барои таълиму тарбия ва ҳунаромӯзии ин кӯдакон тамоми шароити барои онҳо махсус омода гардидааст. Дар ин ҷо асосан кӯдакони синни томактабӣ барои шомил шудан ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ омода карда мешаванд.

Тавре зикр гардид, ин муассиса бо кумаки молиявии созмони ҷамъиятии Миссияи Шарқ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст, омода гардида, барои 120 нафар кӯдакони дорои имконоти маҳдуд пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки созмони Миссияи Шарқ чунин корҳоро дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Шӯрообод ва Панҷакент низ бо харҷи беш аз 350 ҳазор евро амалӣ менамояд.

Зимни суҳбат бо тарбиятгирандагони ин муассиса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки рӯзҳои наздик ба ҳар яки онҳо сарулибоси зимистона, бозичаҳо, шириниҳо ва ҳар гуна маводи хӯрокаи иловагӣ дастрас намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520