Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими тӯйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияи Ховалинг

29.09.2013 09:57, ноҳияи Ховалинг

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тӯйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияи Ховалинг иштирок намуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин маросим дар пайравӣ ба даъватҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба амалҳои башардӯстонаю хайрхоҳона аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаи ноҳия барои 20 ҷуфти ҷавони навхонадорон ва 70 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд барпо шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳандозони ин маросими хайрия арзи сипос карда, наздикону пайвандони навхонадорон ва писарчаҳои хатнашавандаро бо ин рӯйдоди пурфараҳи рӯзгорашон табрику таҳният гуфт.

Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти навхонадорон ва писарчаҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Ҳамчунин ба 23 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонони донишҷӯй, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонда шуд. Аз ҷумла, ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатии Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва яктогӣ планшет барои аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ  ва кор бурдани он дар рӯзгорашон тақдим карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520