Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи як зумра корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг

29.09.2013 16:04, ноҳияи Ховалинг

Дар ҷамоати деҳоти Шугноб, ҳамчунин як нонпазхона, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва корхонаи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.

Дар коргоҳи нонпазӣ аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар як шабонарӯз аз 150 кг орд маҳсулоти нонӣ истеҳсол карда мешавад. Ин коргоҳ барои қонеъ гардондани талаботи мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва корхонаҳои истеҳсолии ин мавзеъ, аз ҷумла заршӯён пешбинӣ шудааст.

Дар корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш бошад, иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо аз 25-30 намуд гиёҳҳои табиати ин мавзеи биҳиштосо навъҳои гуногуни доруворӣ истеҳсол карда мешавад. Дастгоҳи бастубанди доруворӣ, ки бо технологияи навтарин сохта шудааст, бо арзиши 250 ҳазор доллари амрикоӣ дастрас гардидааст.

Дар ин ҷо 30 нафар мутахассисони баландпоя бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Зимни ифтитоҳи корхонаи дӯхти либоси мактабӣ, аз ҷумла аён гардид, ки дар он 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.
Дар ин корхона духти либоси мактабӣ, коргарӣ, тиббӣ, арусӣ ва дигар либосвории мардонаю занона ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки як корхонаи алоҳидаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ ва ҳамаи шароити зарурӣ бунёд намоянд, то ки талаботи ин маҳалро пурра қонеъ гардонанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурги созандагии корхонаи заршӯии Одинаро, ки дар зарфи 2 соли охир бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ мактаб-интернати муосир ва коргоҳҳои зиёди истеҳсолӣ бо зиёда аз 100 ҷойи корӣ бунёд намудаанд, намунаи олии ватандорию ватандӯстӣ ва савобҷӯӣ номида, фаъолияти пурсамари ин соҳибкорони баору номусро ҳамчунин намунаи ибрат барои дигар соҳибкорони кишвар маънӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520