Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук

03.10.2013 08:56

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Германияро ба муносибати ҷашни солгарди миллии кишвар табрику таҳният гӯям.

Дастовардҳои назарраси кишвари Шумо дар самтҳои гуногун ва боло рафтани нуфузи байналмилалии он боиси хурсандии мост.

Мо аз он қаноатмандем, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон дар солҳои охир, ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ мо ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро рушду густариш бахшида, сатҳи онро ба зинаҳои баландтар бардорем.

Ҷониби Тоҷикистон, ба иҷрои комили аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти хос дода, итминон дорад, ки бо саъю эҳтимоми ҳарду ҷониб ҳамкориҳои ду кишвари дӯст ба пояҳои баландтари рушду тавсеа хоҳанд расид.

Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Германия, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520