Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Ваҳдат

03.10.2013 13:48, шаҳри Ваҳдат

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ин шаҳр мулоқоти ошкорою самимӣ анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат ва нақши мардуми заҳматнописанди онро дар пешрафту шукуфоии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои ояндаро барои тараққиёти бештар муайяну мушаххас намуд.

Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин зимни посух ба суолу дархостҳои мардум барои бартараф намудани мушкилоти онҳо дода шуд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бояд даҳҳо км роҳҳои маҳаллии шаҳри Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Ваҳдат навсозӣ шуда, бо ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ корҳои зиёди бунёдкорию созандагии дигар анҷом дода шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520