Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросони вилояти Хатлон рафт.
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ки баъди обхезии моҳи апрели соли 2009 барои осебдидагони ин офат бунёд гардида буд, оғоз ёфт. Дар ин ҷо бинои як мактаби нави таҳсилоти ҳамагонӣ барои 900 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт.
Ин мактаби дуошёна, ки бо харҷи 7 миллион сомонӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, аз 18 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ аз фанҳои биология, кимиё, физика, синфҳои компютерӣ, синфҳои омўзиши ҳунарҳои дўзандагию таомпазӣ ва ғайра иборат мебошад. Синфҳои компютерию лингофонӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст буда, имкон медиҳанд, ки дар робита бо мактабҳои дигари дохил ва хориҷи кишвар таҳсили фосилавӣ ба роҳ шавад.
Толори васеи маҷлисӣ, ошхонаи мактабӣ ва толори варзишӣ низ бо шароити хуби муосир муҷаҳҳаз гаштаанд.
Зимни суханронӣ дар назди роҳбарону фаъолони ноҳия ва мардуми деҳаи Чорбоғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи хоссаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли равон бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар вилояти Хатлон 42 мактаб бо наздики 9700 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад. Гузашта аз ин, бо назардошти зарурати рўзафзун, ба масъулини маҳалливу ҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки дар муддати ду сол дар назди 4 мактаби мавҷудаи ноҳияи Хуросон биноҳои иловагии таълимӣ сохта шаванд.
Дар саҳни ҳавлии мактаби навбунёд, миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми заҳматкаши ноҳия, ки дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, сўҳбати озоду ошкоро сурат гирифт. Зимни он Президенти кишвар ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфта, андешаҳои ҷолибу судманд иброз дошт.