Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

04.10.2013 11:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон Холгер Грен, Федератсияи Русия Игор Лякин-Фролов, Давлати Қатар Алӣ ибни Муборак ал-Муҳандӣ, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Наваф Халиф Ал-Сарайреҳ, Шоҳигарии Белгия Мишел Петерманс, Ҷумҳурии Чехия Гинек Пейха, Ҷумҳурии Финляндия Никлас Линдквист, Конфедератсияи Швейтсария Мауро Райна, Япония Такаюки Коикэ, Шоҳигарии Тайланд Чарн Ҷулламон, Ҷумҳурии Филиппин Доминго Лусенарио ва Муғулистон Жагирин Сухээ эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақом табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва рушду густариши муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон саҳми намоён мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520