Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мактуби хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи №15-и шаҳри Душанбе Мастура Ғуломова ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

07.10.2013 19:37, шаҳри Душанбе

Ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҷаноби Президент!

Имрӯз барои ҳар як тоҷикистонии ватандӯст ва хоҳони шукуфоии он ид аст-Рӯзи мавлуди Шумо. Ин сана, ки дар баробари иди Ваҳдати миллӣ аст, бояд умумихалқӣ ҷашн гирифта шавад. Ҷаноби Олӣ! Шумо тасаввур карда наметавонед, ки халқи тоҷик Шуморо чи қадар дӯст медорад, назди талошҳои бузурги Президенти худ, механизми сол аз сол тағйирёбандаи кишвар ва нуфузи он дар ҷаҳон чи тавр сари таъзим фуруд меорад.    

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Ман ин сатрҳоро қаблан навишта будам, вале намедонам, оё онҳо то Шумо расиданд, аз ин рӯ, бубахшед он чиро, ки миллионҳо ҷавонон ва волидони онҳо мехоҳанд ба Шумо, Президенти муҳтарами мо бигӯянд, такрор мекунам. Ман ва ҳамсолонам 14-сола ҳастем. Мо соли 98, дар даврони аллакай оромӣ таваллуд шудаем. Таъзим ба Шумо аз ҳазорон ҷавонон барои он, ки  волидони мо зинда монданд, барои он, ки мо ба дунё омада, нахустинбор чашм кудода аз ҳавои тозаи Ватан-Тоҷикистон, ки аз тиру туфанг сухтаву хокистар нашуда буд, нафас гирифтем.       

Модаронамон бо мо дар гулгаштҳои шукуфон сайр мекарданд, мо бошем, дар фойтунҳо (коляска) хушҳолона хоб мерафтем. Он вақт алакай дар магазинҳо камбуди маҳсулоти ширӣ набуд. Баъд мо ба боғча рафтем, вақте, ки муҳлати ба синфи 1 рафтан расид волидони мо тӯлонӣ фикр мекарданд, то кадом мактаб ё гимназияро интихоб кунанд. Соли 2004-2005 ҳамсолони ман, бачаҳо ва духтарҳои ҳамаи Тоҷикистон, тавре, ки муқаррар шудааст, ба даст дастаи бузурги гул гирифта, дасто ба даст бо падарону модарон ба мактаб рафтем. Ҳамаи ин дар нигоҳи аввал муқаррарӣ менамояд. Вале мо аз таърих медонем, ки сарнавишти даҳҳо ҳазор бачаҳои аз мо 8 сол пеш таваллудшуда тамоман дигар аст. Бисёре аз онҳо сағир гаштаанд, каси дигар бошад, тамоман таваллуд нашуда…Ҷанг ҷони чи қадарҳоро бурд ва нагузошт чи қадарҳои дигар бошанд. Дар даврони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар кишвар моҳи майи соли 1996 дар рӯзи равшан дар маркази Душанбе бобои маро, духтуреро, ки ҳеҷ гоҳ дар даст яроқ нагирифта буд, бераҳмона куштанд. Модарам нақл мекунад, ки ӯ чи тавр ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ аз майдони пур аз одами Шаҳидон ба роҳи бемористон бо мошин банди сафед баста мегузашт. Ӯро соли 1996 куштанд, ман баъди 2 сол таваллуд шудам. То имзои созишномаи сулҳ бобои ман назист. Мисли ҳазорон нафари дигар: калонсолону ҷавонон, низомиёну шаҳрвандон, занону кӯдакон.

Бо шарофати кӯшишҳои ниҳоят бузурги Шумо, хирадмандию таҳаммулпазириатон, меҳрубонии беандозаатон, муҳаббати самимиатон нисбат ба халқи азиаткашида тоҷикон давлатдории худро аз даст надода, тавонистанд нофаҳмиро аз байн бибаранд ва ба сулҳи деринтизор бирасанд. Пас аз ин ҳама дастовардҳои ниҳоят бузург Тоҷикистон ба чӣ омада расид, мумкин аст, ки саволе ба миён ояд: Президенти мо кӣ бошад? Ҷавонони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интихоб мекунанд!

22-солагии Истиқлолиятро чанде қабл ҷашн гирифтем. Мо дар кишвари чи қадар зебо зиндагӣ мекунем. Мо чи қадар роҳҳои зебо, нақбҳо, иртиботи доимӣ байни минтақаҳо, бунёди хонаҳои нав барои мутахассисони ҷавон ва бисёри дигарро, ки гуфтан мумкин аст, дороем. Мо ба ҳадафи аслии стратегӣ-бунёди Роғун наздик мешавем.   

Ҷавонони Тоҷикистон барои мулоқоти моҳи май бо мо аз Шумо миннатдоранд. Чи қадар ғамхорӣ, таваҷҷуҳ, беибо дар ҳар ҳидояти суханрониҳои Шумо, ки барои ҳар яки мо бояд барномаи амалӣ бошад, муҳаббати беандозаи падарона ҳис мешавад.

Махсусан, барои ҳамин мо ҷавонони Тоҷикистон мавқеи шаҳрвандии худро возеҳ муайян кардаем ва дар анҷумани Иттифоқи ҷавонон якдилона номзади худ дар интихоботи президентии дарпешистода Шумо, Ҷаноби Олиро интихоб кардем. Мо умеди калон дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи  Шумо саҳми худро дар шукуфоии Ватанамон мегузорем. Махсусан, аз ҳамин лиҳоз мо, Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азизро бовар мекунонем, ки хонда ба манфиати давлат кор хоҳем кард. Имрӯз ин имконот барои ҳама мавҷуд аст. Мо ба воситаи барномаҳои телевизион мебинем, ки чи тавр Ҷаноби Президент ба серкории худ нигоҳ накарда, дар гармию сардӣ Шумо дар расми ифтитоҳи бисёре аз мактабҳои замонавӣ дар дуртарин ноҳияҳои куҳистони кишвар иштирок мекунед. Хона барои муаллимон дар деҳод, литсеи президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди хуб муҷаҳҳазшуда бо хобгоҳ ва бахшҳои варзишӣ сохта, дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ ба истифода дода шудаистодаанд. Мо, дар навбати худ бояд ба хизматҳои бузург, ғакмхориҳои падаронаи Президенти азизамон, сармоягузориҳо, саҳми ҳукумат дар соҳаи маориф, идеяи миллии самимонаи муттаҳидкунанда ва илҳомбахшандае, ки Шумо дар Паёми хеш ба Парлумон ироа кардед: «Тоҷикистони озод - Ватани ҳамаи мо қатъи назар аз миллият, мазҳаб ва сину сол мебошад»  сазовор бошем.

Муҳтарам Президент! Иҷозат диҳед ба Шумо аз номи худам ва аз номи модарам барои арзи эҳтиром, имкон додан ба ман, толибаи тоҷик, ки нахустин китоби худро ба Шумо тақдим намоям, изҳори сипос кунам. Дуои хайри Шумо, суханони гарми хайрбодии Шумо омили бузурги эҷодӣ барои ман гашт. Ин суҳбати чанддақиқаина бо Шумо барои ман лаҳзаи аз ҳама азиз ва фаромӯшнашаванда хоҳад буд. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ банда гирандаи идрорпулии президентӣ ва дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон – барандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар соҳаи адабиёт гаштам. Барои ин ҳама, ба Шумо изҳори сипос ва сари таъзим! Қавл медиҳам, агар Худованд умр диҳад асарҳои нав навишта, хонандагони хешро шод мегардонам ва мекӯшам дар оянда онҳоро ба экрани синамо намоиш дода шаванд. Романе, ки ҳоло ман аз болои он кор кардаистодаам («Бовафо»-«Неподкупный»)  омезиш бо асри 18 буда, ба ходими инқилоби бузурги Фаронса Максимилиан Робеспер бахшида шудааст. Дар он банда мекӯшам, ки омилҳои амалиётҳои пешвои якобинҳоро дар остонаи табаддулоти термидорианӣ таҳлил кунам.         Эмомалӣ Шарифовичи азиз! Ҳамаи орзуву нақшаҳои ман мисли орзуҳо ва рӯҳияи ватандӯстонаи миллионҳо тоҷикистонӣ танҳо дар он ҳолат иҷрошаванда аст, ки агар давлатро Шумо-шахси оқил, хирадманд, сиёсатмадори дурандеш, зирак, ғамхор, нисбат ба халқ мушфиқ, беш аз даҳ сол кори ҷиддиро бар дӯш дошта, ки дар натиҷа Тоҷикистон ҳамзамон гашт, идора кунед. Ҷаноби Президент, Шумо на танҳо сулҳовар, Шумо созанда, тавонистед дар як муддати кӯтоҳ аз офатҳои оқибати ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистони нав созед. Мо, ҷавонон яқин медонем, ки ин танҳо оғоз аст. Мутмаинам, бо Шумо мамлакат тамоми қуллаҳоро дар ҷодаи шукуфоӣ тай мекунад. Аз ин лиҳоз, мо аз Шумо хоҳиш дорем худро эҳтиёт кунед. Саломатии Шумо-гарави субот ва бурдбории мост. Бигзор ҳар рӯзи нав ба Шумо хурсандӣ ва нерӯи рӯҳонӣ бахшад, зиндагиатонро нуру зиё ва муҳаббату хушбахтӣ фарогир бошанд. Худованд нигаҳбонатон бод. Мо, ҷавонони Тоҷикистон Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азизро бовар мекунонем, ки хонда, ба манфиати кишвар кор хоҳем кард, тамоми ташаббусҳои Шуморо дастгирӣ менамоем.     

 

Бо камоли эҳтиром,
Муаллифи повети саргузаштии «Оина» («Зеркало»),
Хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи №15 ш. Душанбе
Мастура Ғуломова.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520