Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони корхонаи коркарди сангҳои ороишии сохтмон

08.10.2013 18:25, ноҳияи Дарвоз

Дар мавзеи Даштаки ноҳияи Дарвоз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони корхонаи коркарди сангҳои ороишии  сохтмон бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ноҳияи Дарвоз дорои конҳои зиёд ва захираи фаровони мармар ва дигар сангҳои ороишии сохтмонӣ ва бунёди ин корхона яке аз қадамҳои нахустин барои ба роҳ мондани коркарди онҳо бо технологияи пешрафтаи муосир мебошад. Коркарди сангҳои ороишӣ дар ин корхона бо технологияи навтарини италиявӣ ва олмонӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин корхона мармари сафед, мармари сурх ва дигар сангҳои ороишӣ коркард шуда, беш аз 15 намуд маҳсулот тавлид меёбад.

Бунёди ин корхона моҳи июли соли равон оғоз ёфта, дар то имрӯз беш аз 12 миллион сомонӣ масраф шуда, то 160 нафар бинокорон  бо кор ҷалб шудаанд. Тибқи нақша, навбати аввали он бо 150 ҷойи корӣ ва иқтидори коркарди 700 метри мураббаъ санг дар як шабонарӯз то Навӯзи соли 2014 бояд ба кор дарояд. Оянда иқтидори корхона афзун гардида, шумораи коргарон то 250 нафар расонда хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520