Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумаки Президент ба ятимони кулли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

09.10.2013 17:38, шаҳри Хоруғ

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар шаҳри Хоруғ ба кӯдакону наврасони аз падару модар  ятиммондаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки моддӣ расонд.

Тавре зикр гардид, дар тамоми қаламрави ин вилоят 183 нафар кӯдаку навраси аз падар ва ҳам модар ятиммонда ба сар мебаранд. Дар ин ҷо 161 нафар аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рушон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб аз кумаки моддии Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бархӯрдор гардиданд. Ба 22 нафари дигар аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар ноҳияи Дарвоз кумаки моддии Президенти кишвар дирӯз дастрас гардида буд. Кумак аз маҷмӯи пурраи сару либоси зимистона, дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо як миқдор маблағи пасандоз барои оянда ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст. Ба ятимони маъюб, ҳамчунин аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз кӯдакону наврасони ятим даъват намуд, ки дилшикастаю рӯҳафтода набошанд, зеро онҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат қарор мегиранд. Таъкид гардид, ки то хатми мактаби миёна ва муассисаҳои миёнаю олии касбомӯзӣ ва ҳам бо кор таъмин шудан онҳо аз чунин ғамхорӣ бархӯрдор хоҳанд буд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520