Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

10.10.2013 10:42, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Дар ҷараёни сафарҳои кории худ, аз ҷумла дар давоми ду рӯзи охир эътимоди ман ба як масъала торафт комил мегардад, ки солҳои охир Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баробари дигар минтақаҳои кишварамон дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаву созандаи сокинони сарбаланди он ба таври назаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.

Маҳз бо мақсади ба як гӯшаи зебову пешрафта табдил додани вилоят мо асри 21-умро асри рушду тараққиёти Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон кардаем ва бо ҳамин мақсад як силсила нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ намуда истодаем.

Бо мақсади иҷрои корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва инкишофи бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии он дар даврони истиқлолият тавассути ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷетӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ сарф шудааст, ки қисми зиёди ин маблағҳо ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои сохтмону ободонӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо ва дастгирии буҷети вилоят равона гардидааст.

Илова бар ин, танҳо дар ҳафт соли охир дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ беш аз 300 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, тибқи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» татбиқи 121 лоиҳаи сармоягузорӣ бо харҷи беш аз сеюним миллиард сомонӣ дар назар аст.

Агар дар давоми солҳои истиқлолият даромадҳои дохилии буҷети вилоят 151 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети вилоят ва пардохти нафақа беш аз 830 миллион сомонӣ субвенсия равона гардидааст.

Танҳо соли ҷорӣ ҷиҳати дастгирии буҷети вилоят дар ҳаҷми 72 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шудааст, ки он 80 фоизи хароҷоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ташкил медиҳад.

Инчунин дар вилоят вазъи пешниҳоди қарзҳои хурд аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ торафт беҳтар гардида, дар соли 2012 ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ беш аз 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки афзоиши ин нишондиҳанда дар ҳафт соли охир ду баробарро ташкил медиҳад.

Ба сокинони шаҳри Хоруғ соли 2012 беш аз 32 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2007 қариб 12 миллион сомонӣ зиёд аст.

Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба сокинони шаҳри Хоруғ қариб 24 миллион қарз дода шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2012 беш аз 1,5 баробар зиёд мебошад.

Ҳукумати мамлакат дар самти ободонии вилоят ва ташкили фаъолияти босамари сохторҳои давлативу бахши хусусӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.

Дар ин раванд танҳо дар давоми соли гузашта сохтмону азнавсозии беш аз 200 иншооти хурду бузург бо арзиши умумии 380 миллион сомонӣ оғоз гардида, то имрӯз 80 иншоот ба маблағи 57 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар ин муддат аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи умумии даҳҳо миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳудуди вилоят, бо об таъмин кардани аҳолии шаҳри Хоруғ, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр, ободонии дигар ноҳияҳои вилоят ва бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон бунёди чандин варзишгоҳҳои муҷаҳҳази замонавӣ анҷом дода шуданд.

Соли ҷорӣ низ корҳои бунёдкориву ободонӣ дар вилоят вусъати тоза гирифта, илова ба оғози корҳо дар як қатор иншооти нав сохтмон ва таъмиру азнавсозии 185 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 440 миллион сомонӣ идома дорад.

Дирӯз мо дар ноҳияи Дарвоз бо иштироки сокинони ноҳия боз як варзишгоҳи навро ба истифода супоридем, ки ин иқдоми хайр боиси хурсандии зиёди мардум ва пеш аз ҳама наврасону ҷавонон гардид.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, воридоти техникаву технологияҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияи Ишкошим Минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд.

Ҷиҳати бунёди инфраструктураи аввалиндараҷаи минтақаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ то имрӯз маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.

Бинобар ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин дигар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва ҳарчи зудтар ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” чораҷӯӣ намояд.

Дӯстони азиз!

Дар давоми се рӯз мо шоҳиди ба истифода супоридани як силсила иншооти нав дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷу Шуғнон ва Дарвозу Ишкошим гардидем.

Субҳи имрӯз мо дар шаҳри Хоруғ биноҳои навбунёди беморхонаи вилоятии бемориҳои сил, Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, иншооти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва хонаи истиқоматиро барои омӯзгорони мактаби Президентӣ ба истифода супоридем.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи масъулону меъморон ва сохтмончиёни иншооти имрӯза, ки заҳмати содиқонаи онҳо боиси боз ҳам ободу зебо шудани ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ гардидааст, изҳори сипос менамоям.

Чанд лаҳза пеш ба хотири идомаи корҳои ободонӣ дар шаҳри Хоруғ санги асоси бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ гузошта шуд ва бовар дорам, ки сохтмони бинои мазкур бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида мешавад.

Мо мақсад дорем, ки минбаъд низ корҳои сохтмон ва таъмиру азнавсозиро дар доираи барномаву лоиҳаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дода, ин минтақаи кишварамонро воқеан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил диҳем.

Ифтитоҳ гардидани роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи вилоят дар замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки ба шарофати ин иқдом рафтуомади мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла робитаи байналмилалии автомобилӣ тавассути қаламрави вилоят дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин гардид.

То имрӯз сохтмони марҳалаи якум ва дуюми роҳи мошингарди Шоҳон - Зиғар бомувафаққият анҷом ёфта, татбиқи марҳалаи сеюми он ба масофаи 19 километр бо сарфи 104 миллион сомонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Инчунин таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод - Қалъаихумб ба маблағи умумии 460 миллион сомонӣ ва асосноксозии лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Лаби Ҷар - Тавилдара - Қалъаихумб давом дорад.

Вобаста ба ин, як масъаларо хотирнишон месозам, ки ҳоло нақлиёти мусофирбару боркаш мустақиман тавассути кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ ҳаракат карда, оромиву истироҳат ва гашту гузори шаҳрвандонро халалдор месозад ва ҳамзамон бо ин, ба муҳити зист зарар мерасонад.

Бинобар ба ин, ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи сохтмони пули мошингузар дар мавзеи “Селхозтехника” чораҷӯӣ намоянд.

Соли гузашта барои таъмиру азнавсозӣ ва нигоҳубини роҳҳои ҳудуди вилоят аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ва соли ҷорӣ беш аз шаш миллион сомонӣ ҷудо гардида, чандин километр роҳҳои дохиливу аҳамияти байналмилалидошта таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.

Аз ҷумла роҳи мошингарди Ҳиҷез - Бартанги ноҳияи Рӯшон бо сохтмони панҷ пул азнавсозӣ карда шуд.

Чанде пеш барои вусъат додани раванди мазкур ва бо мақсади дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳи Кулма - Қарасу бо роҳбарияти ноҳияи Синзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ин иқдом низ ба рушди соҳаи роҳсозиву роҳдорӣ мусоидат хоҳад кард.

Самараи чунин ҳамкориҳо мебошад, ки ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ тавассути қаламрави вилоят мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Давлату Ҳукумати кишвар дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани кишварро самти стратегии фаъолияти худ эълон намуда, дар паёми имсолаи Президенти мамлакат дар хусуси асосан иҷро гардидани ин ҳадафи бузург мужда расонида шуд.

Зеро аз оғози давраи истиқлолият то инҷониб дар соҳаи бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди мамлакат зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб чоруним миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 1700 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ бо 200 адад пулҳои хурду бузург, инчунин зиёда аз 31 километр нақбу долонҳои зиддитармавӣ ва дигар иншооти роҳдорӣ бунёд карда шуданд, ки имрӯз ҳамаи онҳо дар хизмати мардуми Тоҷикистон қарор доранд.

Яъне имрӯз робитаи нақлиётии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, Тоҷикистон аз чор самт бо кишварҳои олам пайваст шудааст.

Амалӣ гардидани ин ҳадафи стратегӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъсири зиёд дошта, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Масалан, танҳо соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят қариб ба 100 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар даҳ соли охир беш аз ду баробар зиёд мебошад.

Агар соли 2010-ум дар вилоят 32 корхона ва сехҳои хурди саноатӣ фаъолият карда бошанд, пас соли гузашта теъдоди онҳо ба 45 адад расонида шудааст.

Дар ин раванд дар ноҳияи Рӯшон сехҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ ва оби нӯшокӣ, дар ноҳияи Роштқалъа сехҳои дӯзандагӣ ва корхонаи коркарди меваю сабзавот ва қаннодӣ, дар ноҳияи Ишкошим сехи маҳсулоти пластикиву маснуоти бетонӣ ва дар ноҳияҳои Шуғнону Мурғоб коргоҳҳои дӯзандагӣ ва дигар корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар баробари ин, ҳоло дар қаламрави вилоят имконияти зиёд кардани истихроҷи маъдан ва тараққӣ додани коркарди он хеле зиёд аст, ки дар ҳолати истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда боз ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам овардан мумкин аст.

Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар вазифадор карда мешаванд, ки доир ба масъалаи таъсиси корхонаи муштарак дар заминаи кони “Икар”-и ноҳияи Рӯшон, ба роҳ мондани коркарди мармар дар заминаи корхонаи “Лаъл”-и ноҳияи Шуғнон, сохтмони корхонаи хурди сементбарорӣ бо иқтидори 20 ҳазор тонна семент дар як сол ва таҷдиди корхонаи “Хрустал” оид ба коркарди мармар дар ноҳияи Ванҷ, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсоли обҳои маъданӣ дар ноҳияи Ишкошим ва маснуоти қаннодӣ дар ноҳияи Рӯшон тадбирҳои муассир андешанд.

Инчунин ба Вазорати энергетика ва саноат, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки то марҳалаи бо нерӯи барқ пурра таъмин гардидани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб барои аз боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти ангишт аз Ҷумҳурии Қирғизистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Чунонки медонед, дар натиҷаи азму талошҳои давлату Ҳукумати кишвар имрӯз аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои вилоят пурра бо нерӯи барқ таъмин мебошанд.

То имрӯз доир ба беҳдошти вазъи таъминот бо барқ ва сарфаи он якчанд барнома амалӣ гардида истодааст, ки лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои электронӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур танҳо дар шаҳри Хоруғ қариб 13 ҳазор ҳисобкунакҳои электронӣ насб карда шудаанд, ки истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва муназзами шабакаҳои барқӣ мусоидат мекунанд.

Ғайр аз ин, соли гузашта бо мақсади дастгирии 5400 оилаи камбизоати вилоят ҷиҳати пардохти истифодаи қувваи барқ дар ҳаҷми қариб як миллион сомонӣ кӯмак расонида шудааст.

Дар робита ба ин, ба вазоратҳои молия, энергетика ва саноат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки барои ба анҷом расонидани барномаи насбкунии ҳисобкунакҳои барқии электронӣ ва пардохти саривақтии кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоати вилоят тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли нерӯи барқ ҳоло сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар Ҷамоати деҳоти Язғулом бо иқтидори 300 киловатт - соат идома дорад.

Инчунин моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа нерӯгоҳи барқи обии 350 - киловатта бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки 200 хоҷагии ҷамоати деҳоти мазкурро бо барқ таъмин месозад.

Соли ҷорӣ сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Оқсу-2” ва азнавсозии нерӯгоҳи амалкунандаи ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 58 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Умуман дар замони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 46 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода супорида шудааст ва ҳоло бунёди боз 8 нерӯгоҳи хурд идома дорад, ки маблағи маҷмӯии онҳо беш аз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавам, ки соли гузашта ҳангоми мулоқоти Роҳбари давлат бо сокинони вилоят таъкид гардида буд, ки ҷиҳати асосноккунии техникиву иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа ва таҳияи лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Санобод бо иқтидори лоиҳавии 125 мегаватт чораҷӯӣ карда шавад.

То имрӯз лоиҳаи асосноккунии нерӯгоҳҳои барқи обии “Себзор” бо иқтидори 10 мегаватт омода гардида, корҳои таҳияи лоиҳаи нерӯгоҳи Санобод идома дорад.

Вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва саноат, сохтору мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани таҳияи лоиҳаҳо ва корҳои омодагии бунёди нерӯгоҳҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумот имсол кишоварзони вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар замин кишти зироат гузаронида, то моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳаҷми 131 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ қариб 7 миллион сомонӣ масраф гардида, имсол барои иҷрои ин корҳо беш аз 4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар асоси барномаҳои Ҳукумати кишвар дар давоми солҳои 2006-2012 дар миқёси вилоят беш аз ҳазор гектар замин азхуд карда шудааст, ки ин иқдом низ бешубҳа ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ташкили истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои мавҷуда ва азхуд кардани заминҳои нав мебошад.

Вобаста ба ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи самараноки обу замин ва ҳар сол азхуд кардани 200 гектар замини нав мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар давоми солҳои истиқлолият дар натиҷаи тадбирҳои амаликардаи Ҳукумати кишвар заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле мустаҳкам гардида, 139 мактаб бунёду азнавсозӣ ва мактабҳои дар хонаҳои шахсиву вагонҳо фаъолиятдошта ба биноҳои нави замонавӣ бароварда шуданд.

Дар маҷмӯъ, имсол барои соҳаи маорифи вилоят 77 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 40 фоиз зиёд мебошад.

Бо дарназардошти тарбияи истеъдодҳои ҷавони вилоят дар шаҳри Хоруғ Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат ва дар ноҳияи Рӯшон мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати инкишофи имкониятҳои зеҳнии кӯдакон 20 муассисаи томактабӣ ва беш аз 100 маркази инкишофи кӯдакон фаъолият дорад.

Бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ” то имрӯз муассисаҳои таълимии вилоят бо 2270 адад компютер ва 400 адад принтер таъмин карда шудаанд, ки ин рақам 184 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Ин аст, ки сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят мунтазам баланд гардида, айни замон дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 69 фоиз баробар шудааст.

Натиҷаи заҳмати содиқонаи омӯзгорони вилоят аст, ки соли гузашта 70 нафар хонандагон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ иштирок намуда, соҳиби 55 медал гардидаанд.

Ҳоло тибқи роҳхатҳои давлатӣ беш аз 600 нафар ҷавонони вилоят дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Танҳо соли ҷорӣ 310 нафар толибилмони вилоят ба мактабҳои олии хориҷи кишвар ва 1740 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дохил гардиданд.

Дар зарфи 22 соли соҳибистиқлолӣ мактабҳои таҳсилоти умумии вилоятро қариб 80 ҳазор нафар хатм кардааст. Дар ин муддат 22 ҳазор нафар ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олиро дар кишварамон ва қариб 7000 нафар дар хориҷи кишвар хатм кардаанд.

Дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустии вилоят низ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, соли ҷорӣ ҷиҳати фаъолияти босамари муассисаҳои тиббии вилоят қариб 40 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Барои бунёд ва азнавсозии инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ дар вилоят дар зарфи 22 сол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 68 иншооти соҳа бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ маркази бемориҳои дил бо харҷи дуюним миллион сомонӣ бунёд гардида, бо сарфи ду миллиону 400 ҳазор сомонӣ маркази ташхиси тиббӣ таъмиру таҷҳизонида шудааст.

Инчунин дар ин давра беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа, маркази саломатии ноҳияи Ванҷ ва бинои Раёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилоят бунёд гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз 80 фоизи бунгоҳҳои саломатӣ пурра аз таъмир бароварда шудаанд.

Субҳи имрӯз мо дар маросими ифтитоҳи беморхонаи вилоятии бемориҳои сил дар шаҳри Хоруғ ширкат доштем. Иншооти мазкур бо маблағи қариб 9 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Муассиса дорои дастгоҳҳои муосири ташхисӣ ва озмоишгоҳи замонавӣ буда, дар он барои ба эҳтиёҷмандон расонидани хизмати тиббии баландсифат ҳамаи шароити зарурии замонавӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар айни ҳол аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар шаҳри Хоруғ сохтмони таваллудхонаи вилоятӣ бо арзиши лоиҳавии 7,5 миллион сомонӣ идома дорад.

Бадахшон макони гиёҳҳои шифобахш мебошад. Аз ин рӯ, дар баробари хизматрасонии тиббӣ барои рушди табобати гиёҳдармонӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад ва зарур аст, ки дар ин самт низ чораҷӯӣ карда шавад.

Тибқи маълумоти мутахассисон зиёда аз 70 чашмаҳои табиии ҳудуди вилоят хосияти шифобахшӣ дошта, дар сурати истифодаи оқилонаву мақсадноки онҳо садҳо эҳтиёҷмандон метавонанд аз чунин навъи табобат баҳра бардоранд.

Бояд гуфт, ки бо дарназардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад.

Сол то сол афзудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ нишонаи возеҳи имкониятҳои васеи сайёҳии Бадахшон мебошад.

Дар ҳақиқат, Бадахшон бо кӯҳҳои зебоманзар ва ҷойҳои таърихиву табиати нотакрори худ ҳамчун яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳиву кӯҳнавардӣ, шикор ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ҷаҳон эътироф гардидааст.

Боиси ифтихори мову шумост, ки соли ҷорӣ мувофиқи қатъномаи Иҷлосияи 37-уми ЮНЕСКО дар Шоҳигарии Камбоҷа Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Боғи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту наботот, рушди туризм ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ташкил ёфта, масоҳати 2,6 миллион гектарро дарбар мегирад.

Масоҳати Боғи миллӣ 60 фоизи қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва 40 фоизи ҳудуди ноҳияҳои Ҷиргатолу Тавилдара ва дар маҷмӯъ 18 фоизи масоҳати умумии мамлакатамонро ташкил дода, қисмати бештари ҳудуди он аз кӯҳҳои беш аз 5-6 ҳазорметра иборат мебошад.

Кӯлҳои Қарокӯл, Зоркӯл ва Сарез, водии Сангвор, қуллаҳои Исмоили Сомониву (7495 метр) Абӯалӣ ибни Сино (7134 метр), пиряхҳои Федченко, Хирсон ва Гармо, ки ҳамасола сайёҳону кӯҳнавардони зиёд барои тамошои онҳо меоянд, инчунин чашмаҳои гарму маъданӣ аз шоҳкориҳои табиати ин қисмати диёрамон ба шумор мераванд.

Ҳамчунин ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи Боғи миллӣ барои сайёҳони сершумор беҳтарин маркази тамошои муҳити мусоиди зист ва тозагии экологӣ маҳсуб ёфта, дар ин мавзеъҳо беш аз 200 намуди гиёҳу растаниҳои шифобахш, навъҳои нодири ҳайвоноту парандаҳо мавҷуданд.

Муҳимтар аз ҳама, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои захираҳои ғании сарватҳои табиӣ, аз ҷумла сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ва дигар навъҳои ашёи хом буда, дар сурати истифодаи оқилонаву самараноки онҳо метавонад сатҳи зиндагӣ ва шароити аҳолии вилоятро бамаротиб баланд бардорад.

Бо мақсади кашфу истихроҷ ва коркарду истифодаи маъданҳои кӯҳӣ ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи рушди соҳаи геология барои солҳои 2012-2020” қабул гардидааст.

Дар доираи барномаи мазкур корҳои ҷустуҷӯӣ ва арзёбии захираҳои зуҳуроти титан дар ноҳияи Мурғоб, мису ашёи хом барои алюминий дар ноҳияи Дарвоз, сангҳои ҷилодори ноҳияи Роштқалъа, иктишофи кони Барфӣ ва зуҳуроти флюорити ноҳияи Мурғоб, инчунин ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ноҳияи Ванҷ идома доранд.

Мо минбаъд низ ҳамаи тадбирҳоро меандешем, ки шаҳру ноҳияҳои вилоятро ободу зебо гардонем, шароити зиндагии мардумро ҳарчи беҳтар намоем, то ин ки дар оянда Бадахшон сазовори номи баланди худ, яъне “Боми ҷаҳон” бошад.

Тавре ки ҳамаи ҳозирини гиромӣ огоҳанд, имсол дар ҳаёти ҷомеаи мо рӯйдоди муҳими сиёсӣ - интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон доир мегардад.

Барои иштирок дар ин маъракаи муҳими демократӣ чандин нафар шаҳрвандони кишвар ҳамчун номзад ба мансаби олии Президент пешбарӣ шудаанд.

Ман аз тамоми роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, фаъолони аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват менамоям, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат карда, барои таъмини баргузории шаффофу озодонаи он ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Итминон дорам, ки интихоботи навбатӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар баргузор шуда, намунаи беҳтарини риояи одобу маданияти сиёсиву шаҳрвандӣ, амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари арзандаи худро бо майлу иродаи хеш озодона интихоб мекунанд.

Шубҳае нест, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ боиси боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ гардидани миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва тақвияти бештари нуфузу обрӯи халқи тоҷик мегардад.

Шоири шаҳири тоҷик, шодравон Ширин Бунёд, ки то рӯзҳои охири ҳаёташ васфи ваҳдату ободӣ ва осоиши Тоҷикистони азизамонро кардааст, дар ашъораш нисбат ба ояндаи дурахшони Бадахшон чунин овардааст:

Рӯзгорон дар Бадахшон баъд аз ин гул мекунад,
Нахли бахти одамӣ дар ин замин гул мекунад.
Хонаи иқболи мо пурнур шуд, пурнур шуд,
Дар Бадахшони куҳан бахти навин гул мекунад.

Мо бояд барои ноил шудан ба ин ҳадафи ободгарона шабонарӯзӣ заҳмат кашем ва сарфи назар аз он, ки дар куҷо кору зиндагӣ мекунем, ҳар як ваҷаб замини муқаддаси Ватанамонро азиз донем, дар ҳар куҷо набошем, ҳамеша сарзамини муқаддасамон - Тоҷикистони маҳбубро пуштибонӣ намоем.

Бигзор ваҳдати миллӣ, сулҳу амният ва суботу оромӣ дар сарзамини аҷдодии мо ҳамеша пойдор монад ва файзу баракат аз дастурхони шумо ҳеҷ гоҳ канда нагардад!

Бори дигар ба ҳамаи шумо - сокинони ҳимматбаланду меҳмоннавоз ва заҳматкашу матиниродаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои истиқболу пазироии самимӣ арзи сипос намуда, ба хурду бузурги вилоят саломатӣ, хушбахтӣ ва сари баланд орзу менамоям.

Саодату пирӯзӣ доимо насибатон бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520