Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ менамояд.
Зимни боздид аз ин ҷамоатҳо, аз ҷумла як мактаб барои 720 хонанда дар 2 баст, 2 варзишгоҳ бо толорҳои варзишӣ, як корхонаи коркарди мева ва 2 коргоҳи дӯзандагӣ мавриди истифода қарор мегирад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз чанд хоҷагии деҳқонӣ ҳам дидан карда, бо кори кишоварзони ноҳия бевосита шинос мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иншооти зиёди дигарро дар маркази шаҳри Исфара, аз ҷумла варзишгоҳи марказии онро, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст аст, як корхонаи коркарди меваи хушк, 2 маркази хизматрасонӣ, коргоҳҳои дӯхти либос ва пойафзол ва филиали Тоҷиксодиротбонкро ифтитоҳ намуда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳад.