Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

31.07.2011 16:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ,

Рўзи якуми август моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо фаро мерасад.

Рамазон моҳи сабру таҳаммул буда, ба инсон матонату тобовариро меомўзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад ва дар ниҳоди ў парҳезгорию ҳалолу пок зистанро тақвият мебахшад.

Бартарии ин моҳ аз дигар моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ дар он аст, ки Худованд дар моҳи мубораки Рамазон китоби муқаддаси қуръонро ҳамчун қутбнамо ва ҳидоятгари мардуми мусулмон нозил кард.

Дарси ибратбахши фалсафаи моҳи нузули қуръони карим он аст, ки тамоми мусулмонон бояд қаноатпешагию парҳезгорӣ, устуворию таҳаммул ва омурзиши гуноҳҳоро биомўзанд, то дар раванди зиндагӣ, дар баробари мушкилоти маънавию иқтисодӣ бо сабру истодагарии хеш ба саодат расанд.

Ба ин хотир метавон гуфт, ки Рамазон моҳи тарбияи ахлоқи ҳамида буда, зеҳну андешаи инсонро сафо ва илҳом мебахшад, дар қалбаш эҳсосоти наҷиби баробариву ваҳдати инсонҳоро бедор намуда, раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, бародарӣ ва ҳамбастагиро парвариш медиҳад.

Моҳи шарифи Рамазон метавонад барои мову шумо, ҳамватанони азиз, моҳи хайру баракот гардад, агар дар ин давра мардуми мусулмони мамлакатамон ба аъмоли нек даст зада, дар якҷоягӣ барои оромию осудагии мардуми кишвар саъю талош варзанд.

Ин маънои онро дорад, ки фарҳанги пурғановати дини мубини Ислом пайравонашро ба ҳамдилию ҳамбастагӣ, муттаҳид зиндагӣ кардан ва аз ихтилофу парокандагӣ даст кашидан тарғибу ташвиқ менамояд. Агар ба фалсафа ва фарҳанги дини мубини Ислом амиқан назар андозем, дар ниҳоди он дўстию муҳаббат ва ваҳдату таҳаммулпазирӣ ҳувайдо мегардад.

Дар ин моҳи шариф ёдрас шудан аз амалҳои нек ва пазируфтаи исломӣ, ки дар тақвияти рўҳ ва тани инсон нақши муассир доранд, амри муҳим аст.
Дар ҳадисе аз қавли Паёмбари гиромӣ ба ин маъно ривоят шудааст, ки вақте инсон аз дунёи фонӣ дармегузарад, ҳамаи амалҳои вай қатъ мегарданд, ба ҷуз се амали ў, ки подош ва аҷри он баъд аз маргаш низ барояш мерасад.

Аввал, садақаи ҷория, яъне корҳои хайре, ки инсон дар ҳаёти худ барои манфиати мардум анҷом дода бошад.

Дувум, донише, ки баъд аз худ гузоштааст ва мардум аз он баҳра баранд. Сеюм, фарзанди солеҳе, ки бо камоли хубӣ тарбият карда, ба воя расонидааст.

Волидайн, мураббӣ ва муаллим, ки дар мавриди таълим ва тарбияти кўдакон кутоҳӣ кардаанд, дар муҷозот ва гуноҳу хилофкории онҳо шарик хоҳанд буд.

Аз зумраи амалҳои нек ҳамчунин инсоф ба бародари мўъмин, дастгирии мўҳтоҷон, бахшиши гуноҳ, хайру саховат, ризқи ҳалол ва худдорӣ аз амалҳои зишт мебошад. Тибқи фармудаи шариат, ҳар як инсон бояд аз роҳи ҳалол ризқу рўзии худро ҷустуҷў намояд, зеро луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракоти Худованд дар рўзгор ва хонадони ў мегардад. Бахусус соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак дари хайру саховатро боз намуда, бо эҳтиром аз имоне, ки доранд, молу маҳсулоти худро ба бародарони мўъмин арзонтар пешниҳод намоянд ва ҷўёи савоб бошанд. Зеро дар ҳамаи корҳо ва хусусан дар тиҷорат, адлу инсоф ва сидқу вафо яке аз омилҳои асосии пешравии кор аст.

Аз ҷониби дигар, маҳз дар адлу инсоф ва сидқу вафои тоҷир устувории имон ва эътиқоди ў ба арзишҳои исломӣ равшан мегардад.

Дар ин робита Паёмбари акрам фармудаанд, ки «тоҷири ростгўи амонатнигоҳдор рўзи қиёмат ҳамроҳи паёмбарон, сиддиқон ва шаҳидон мебошад».
Ба қавли бузургони дин, шахсе, ки як амали нек ва ё як кори хайрро дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз тамоми шароитҳоро ҷиҳати пурраву озодона ба ҷо овардани расму оинҳои дини мубини Ислом барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аксарияти куллашон муъмину мусулмонанд, фароҳам овардааст. Минбаъд низ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳанд шуд.

Ин лаҳзаҳо мавриди зикр аст, ки ҳар рўзи сипаригардида моро ба ҷашни бузурги миллиамон- 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мекунад. Дар масири ин бист сол, ки аз лиҳози моҳияти рўйдоду ҳодисаҳои фарогирифтааш аслан ба даҳсолаҳо баробар аст, дар ҳаёти мардум ва афкори ҷомеаи мо таҳаввулоти азиме ба амал омад. Аз ҳама муҳимаш, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати бобақои комилҳуқуқ ташаккул ёфт, корҳои бузурги ободонию созандагӣ ба анҷом расиданд, як насли нави дорои тафаккури нав, яъне насли даврони истиқлолият ба воя расид, ки парчамбардори шоистаи давлати тоҷикон хоҳад буд. Ин дастовардҳо умеду эътимоди моро ба фардои боз ҳам неки миллату Ватанамон беш аз пеш қавӣ месозанд.

Бо ҳамин орзуҳои нек, дар ин рўзи саид ба шумо, ҳамватанони гиромӣ, аз Худованди таборак ва таоло, пеш аз ҳама, неъмати бебаҳои тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо, дар кору зиндагиатон ризқу рўзии фаровон, дастурхони пурфайзу баракат, рўзгору хонаи обод ва ҷавонмардиву олиҳимматиро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520