Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ҳабдаҳум коргоҳи коркарди меваи хушк ва ду коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳри Исфара

12.10.2013 10:51, шаҳри Исфара

Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази истеҳсолӣ ва хизматрасонии Қадр ифтитоҳ ёфт.

Чунонки аён гардид, бинои ин марказ аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он коргоҳи хурди коркард ва бастубанди меваи хушк ҷойгир шудааст.   Дар ин коргоҳ, дар як шабонарӯз беш аз 3 тонна меваи хушк коркард ва бастабандӣ мешавад, 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Абдурофеъ Қосимов, ки ин маркази истеҳсолию хизматрасониро бунёд намудааст, аллакай барои содироти меваи хушк бо давлатҳои Беларус, Полша ва ҷумҳуриҳои назди Балтика созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки имсол то охири сол дар Исфара 10 то чунин корхонаи нав мавриди истифода қарор мегирад ва шумораи умумии онҳо ба 22 мерасад. Тавре иттилоъ доданд, иқтидори миёнаи солонаи ҳар яки онҳо 1,5 ҳазор тонна буда, ба ҳисоби миёна 50 нафарӣ дар онҳо кор мекунанд.

Дар ду ошёнаи дигари  маркази истеҳсолию хизматрасонии Қадр ду коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир шудааст, ки дар ҳар яке 25 нафарӣ занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Бо маслиҳати Сарвари давлат  соҳибкор Абдурофеъ Қосимов изҳор дошт, ки дар ин ду толор боз 20 ҷойи нави корӣ муҳайё сохта, пеш аз ҳама дӯхти либоси мактабиро барои хонандагони мактабҳои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба роҳ мемонад.

Дар ин коркоҳҳо, мутобиқи талаботи мардум, ҳамчунин дӯхти дигар либосворӣ ба роҳ монда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520